Лӯбиё
Лӯбиё | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Phaseolus.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Phaseolus vulgaris L., 1753 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Лӯбиё (лот. Phaséolus vulgáris) — рустаниест яксола.
Тавсифоти ботаникӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш печони сершохча, баргаш сермӯяк, гулаш гулобӣ, бунафш, зардтоб ё сафеди сабзча, ғилофакаш дароз (2 – 10 тухм дорад). Лубиё зироати ғизоӣ ва шифобахш аст. Дони онро ба таом меандозанд, дар саноати консерву таббохӣ истифода мебаранд. Дар таркиби дони лубиё сафеда, равған, оҳар, қанд, витаминҳо А, В, С мавҷуд аст.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз баргаш ҷавҳари лиму ва чанд хел дору тайёр мекунанд. Бино ба маълумоти Абӯмансури Муваффақ лубиё нерӯро меафзояд. Лубиёи сурх ҷанини фавтидаро аз бачадон хориҷ месозад, хунравии баъд аз таваллудро бозмедорад. Абӯалии Сино лубиёро барои сина ва шуш муфид ҳисобидааст. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ лубиё хосияти поксозӣ дорад, сангро ҳал мекунад, дони он пешобро меронад. Лубиёи сафед дамишовар буда, дер ҳазм мешавад, сина ва шушро нарм, ҷисмро фарбеҳ месозад. Истеъмоли аз меъёр зиёди лубиё боиси хобҳои даҳшатнок мегардад.
Дар тибби халқӣ нақеъи ғилофак ё гули хушки лубиёро ҳангоми иллати гурда ва масона, бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, заъф ва илтиҳоби дил), барои муолиҷаи диабети қанд, тарбод ва ниқрис истифода мебаранд. Рӯзе пеш аз таом 3 – 4 маротиба истеъмол намудани 0,5 истакон нақеъи гули лубиё дарди санги гурда ва талхадонро нафъ мебахшад. Хокаи ғилофаки лубиёро ба шукуфа, захмҳои сӯхтаи обдор, ҷароҳатҳои фасоднок, саромос мепошанд. Орди лубиёро хамир карда ба ҷароҳат, ҳафтпӯст, хасмол мебанданд. Таоми лӯбиёдорро ба сифати ғизои нерубахши меъда тавсия медиҳанд. Истеъмоли лубиё боднок, дерҳазм буда, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад, узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, манӣ ва шир пайдо менамояд, боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар лубиёро бо каме қанд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.
Табибони халқии олмонӣ ҷӯшоби ғилофак, поя ва пӯсти хушки дони лубиёро давои бемориҳои гурда, обхӯра, саръ, диабети қандӣ меҳисобанд.
Дар тибби муосир лубиё ба сифати ғизои парҳезӣ ва давоӣ истифода мешавад. Ҷавҳари аз пӯсти дони лубиё тайёркарда миқдори қанди хунро кам мекунад. Бинобар ин, онро барои беморони гирифтори диабети қандӣ тавсия медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988;
- Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.