Хасмол
МКБ-10 | L03.0 |
---|---|
МКБ-9 | 681.01 |
MedlinePlus | 001444 |
eMedicine | / |
Хасмол (лот. panaricium), милкак, панаритсий — илтиҳоби шадиду фасодноки бофтаҳои ангушти даст. Бештар дар нӯги ангушт дар натиҷаи ба захми хурд (ҷои кадифа, харошхӯрда, бурида, хор ё сӯзан халида ва ғайра) роҳ ёфтани микробҳои фасодовар пайдо мешавад.
Навъҳои хасмол
[вироиш | вироиши манбаъ]Хасмол сатҳӣ (пӯст, назди нохун, зери нохун) ва амиқ (зери пӯст, пай, банд ва устухон) мешавад.
Хасмоли сатҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми хасмоли пӯст дар зери эпидермис (қабати берунии пӯст) фасод ғун шуда, обилаи пур аз моеъи тира, баъзан хунолуд пайдо мегардад; пӯсти атрофи обила сурх гашта, кам-кам дард мекунад, асосан сӯзиш ҳис мешавад. Обила тадриҷан калон гашта, илтиҳоб мумкин аст ба бофтаҳои амиқ гузарад. Дар аснои хасмоли назди нохун обилаи римнок дар пӯсти болиштаки нохун пайдо мегардад.
Агар фасод ба зери нохун гузарад, хасмоли зери нохун ном мегирад. Чунин хасмол дар сурати ба зери нӯги нохун халидани сӯзан ё хор низ пайдо мешавад. Ҳангоми табобат накардан, газаки римнок мумкин аст ба устухони банди нохун паҳн гардад.
Хасмоли амиқ
[вироиш | вироиши манбаъ]Хасмоли амиқ, одатан, дар сатҳи ангушт (аввал зери пӯст) пайдо мешавад. Азбаски пӯсти ин тарафи ангуштон сахт аст, фасоди зери он кафида натавониста, газак ба дарун — ба пай, банд ва устухон паҳн мегардад, баъзан онҳоро иллатнок мекунад. Ба хасмоли зери пӯст дарди доимӣ (махсусан шабона) ва сихзананда хос аст. Вақти ба ангушт даст расондан, дарди сахт пайдо мешавад. Агар ҳангоми рост ё қат кардани ангушт дард шиддат гирад, ин шаҳодат медиҳад, ки хасмол ба пай ё банд гузаштааст.
Авориз
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳар навъи хасмол, махсусан хасмоли амиқ, метавонад боди ногувор гузорад; микробҳои фасодовар мумкин аст аз манбаи газак бо рагҳои лимфа ва хун ба узву бофтаҳои дур гузашта, боиси иллати онҳо ва уфунат (сирояти умумии хун) гарданд; хасмоли устухон боиси бадшаклии нохуни ангушт, хасмоли пай ва банд сабаби беҳаракатии ангушт гардида метавонад. Дар сурати табобат накардани хасмоли амиқ фасод аксар вақт ба бофтаҳои кафи даст ва минбаъд ба банди даст паҳн шуда, ҷарроҳии мураккабро талаб мекунад.
Худмуолиҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Хасмолро худсарона табобат кардан (масалан, кафондани обилаи римнок) манъ аст. Бояд дар назар дошт, ки агар фасод аз мағз ба зери эпидермис гузарад, ҳангоми хасмоли зери пӯст низ обилаи римнок пайдо шуда метавонад. Худсарона кафондани чунин римхона иллати амиқро бартараф накарда, балки ҷараёни газакро мураккаб мегардонад. Махсусан кушиши худмуолиҷаи хасмоли чуқур бо марҳам норавост. Аз ин рӯ баробари пайдо шудани аввалин нишонаҳои газак ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Пешгирии беморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шахсоне, ки ҳангоми кор захмдор шудани дасташон эҳтимол дорад, бояд дастпӯшак пӯшанд. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар хона ва истеҳсолот хеле муҳим аст. Дар мавриди дар пӯсти ангуштон пайдо шудани ҳар гуна иллат, ҳатто захми хурдтарин, онро бо спирт ё атр шуста, маҳлули спиртии йод молидан лозим аст; агар ба даст хор халад, онро фавран гирифтан зарур аст (ниг. Ҷисмҳои бегона). Ба захми хурд, ҷои кафида ва сӯзан халида (хусусан агар ин ҳодиса дар истеҳсолот рӯй дода бошад) аввал маҳлули спиртии йод, баъд ширеши БФ-6 (пардаи муҳофиз ҳосил мекунад) молида, аз ғилофаки резинӣ истифода бурдан лозим аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999;
- Зоиров П. Т., Болезни кожи, Д., 2002;
- Зоиров П. Т., Частная дерматология и венерология, Д., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи мухтасари тиб. — Душанбе, 2012. — Ҷ.5. — 487 с.