Мадрасаи Тилокорӣ
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Самарқанд |
Дата основания | 1660 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 603 рус. • ингл. • фр. |
Мадрасаи Тиллокорӣ — ёдгории меъмории садаи XVII дар Регистони Самарқанд, ки солҳои 1647—59 сохта шудааст. Намои асосии Мадрасаи Тиллокорӣ, ки дар тарафи чап Регистон аст, бо Мадрасаи Тиллокори. Самарқанд. пештоки равокдор, гулдастахо ва пешайвонҳои равокбандии дуқабатааш мадрасаҳои анъанавии Бухороро ба хотир меоварад. Дар кафои намои асосӣ хучраҳои дуошёна ва дар қаноти ғарбии хавлӣ ҳуҷраҳои пешайвондори равокбандӣ ҷой доранд. Дар мобайни катори ҳучраҳои ин тараф толори гунбазпуши пештоқдор комат оростааст. Дар тарафи шарқии ҳавлӣ низ Ҳуҷраҳо ҳастанд. Намои асосӣ, инчунин тамоми деворҳои М. Т. бо порчаҳои кошни хеле майда рукаш шуда, ба нақшҳои ироқӣ монанданд. Дар онҳо бештар рангҳои зард ва сабзи баланд исти-фода шудаанд. Даруни ин иморат (махсусан масҷид) саросар бо усули наққошии кундал (зарҳалкорӣ) оро дода шудааст ва аз ин ҷост, ки он «тилокорӣ»—ном гирифтааст. Ин нақшу нигор шохдории санъати нак-кошй ва ороиши амалист, Якчоя бо Мадрасаи Улуғбек ва Мадрасаи Шердор ансамбли Регистонро ташкил додааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Пугаченкова Г. А., Самарканд, Бухоро, М., 1961