Jump to content

Малика Виктория

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Малика Виктория
англ. Alexandrina Victoria
20 июн 1837 — 22 январ 1901
Пешгузашта William IV[d]
Ҷонишин Edward VII[d]
1 май 1876 — 22 январ 1901
Ҷонишин Edward VII[d]
1 июл 1867 — 22 январ 1901
Ҷонишин Edward VII[d]

Таваллуд 24 май 1819(1819-05-24)[1][2][3][…]
Даргузашт 22 январ 1901(1901-01-22)[1][2][3][…] (81 сол)
Мадфан
Дудмон House of Hanover[d]
Ном ҳангоми таваллуд англ. Princess Alexandrina Victoria of Kent
Падар Prince Edward, Duke of Kent and Strathearn[d][7][8]
Модар Princess Victoria of Saxe-Coburg-Saalfeld[d][7][8]
Ҳамсар Prince Albert of Saxe-Coburg and Gotha[d][7][8]
Фарзандон Victoria, Princess Royal[d][8], Edward VII[d][8], Princess Alice of the United Kingdom[d][8], Alfred, Duke of Saxe-Coburg and Gotha[d][8], Princess Helena of the United Kingdom[d][7], Princess Louise, Duchess of Argyll[d][9][8], Prince Arthur, Duke of Connaught and Strathearn[d][8], Prince Leopold, Duke of Albany[d][7] ва Princess Beatrice of the United Kingdom[d][7]
Таҳсилот
Эътиқод Anglicanism[d]
Соядаст
Монограмма Монограмма
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Виктория (англ. Victoria, Александрина Виктория, англ. Alexandrina Victoria; 24 май 1819[1][2][3][…], Кенсингтон[d], Подшоҳии Муттаҳидаи Британиёи Кабир ва Ирланд[d][4][5][6]22 январ 1901[1][2][3][…], Osborne House[d], Подшоҳии Муттаҳидаи Британиёи Кабир ва Ирланд[d]) — маликаи Подшоҳии муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирланд аз 20 июни соли 1837 то вафоташ, имперотури Ҳиндустон аз 1 майи соли 1876 (эълмия дар Ҳиндустон — 1 январи 1877), охирин намояндаи сулолаи Ҳанноверҳо

Маросими тоҷгузории Малика Виктория (28.6.1838) баъди фавти Вилгелми IV доир шуд. Дар давраи ҳукмронии Малика Виктория иқтисодиёти Бритониёи Кабир тараққӣ намуда, дар ш. Лондон аввалин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти саноатӣ баргузор шуд. Аз соли 1873 суръати рушди иқтисодиёти Англия суст гардида, то ибтидои асри 20 кишварро буҳрони тӯлонӣ фаро гирифт. Дар солҳои аввали ҳукмронии Малика Виктория бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи коргарон якчанд созмон аз қабили Иттиҳодияи миллии чартистон (соли 1840) ташкил ёфтанд. Дар аҳди ҳукмронии Малика Виктория Зеландияи Нав (1840), Ҳиндустон (баъди барҳамхӯрии Ширкати тиҷоратии Ост-Индия (1858)) ва Ҷумҳурии бурҳои Натал (1843) ба мустамликаҳои Бритониёи Кабир табдил ёфтанд. Дар аҳди Малика Виктория сарбозони англис аз тарафи империяи Туркияи Усмонӣ бар зидди Русия дар ҷанги Қрим ширкат карданд. Баъди хариди саҳмияҳои Канали Суэтс аз ҷониби сарвазир Дизраэли (соли 1875) мавқеи Малика Виктория дар ҳалли масъалаҳои Шарқ пурзӯр гардид. Сармоя ва молҳои тиҷоратии Бритониёи Кабир баъди хотима ёфтани ҷангҳои афюнӣ (1840—1842 ва 1856—1858) ба бозори дохилии Чин роҳ ёфтанд. Дар солҳои охири ҳукмронии Малика Виктория Африқои Ҷанубӣ баъди пахши муқобилати бурҳо (1899—1902) ба мустамликаи Бритониёи Кабир табдил ёфт. Малика Виктория дар таърихи давлатдории Бритониёи Кабир аввалин маликае буд, ки дар сиёсат нақши рамзӣ дошт.

Иёлате дар Африқои Ҷанубӣ, кӯл дар Африқои Марказӣ, шаршараи дарёи Замбези, пойтахти Ҷазираҳои Сейшел ва ёдгорҳои зиёд дар Англия, аз қабили муҷассамаи назди қасри Букингем ба шарафи Малика Виктория номгузорӣ шудаанд.