Jump to content

Вараҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Малярия)
Вараҷа
ИхтисосИнфектология, tropical medicine, Паразитология Edit this on Wikidata
Вараҷа
Плазмодий аз оби даҳони хомӯшаки модина, ки аз байни ҳуҷайраи хомӯшак ҳаракат карда истодааст.
Плазмодий аз оби даҳони хомӯшаки модина, ки аз байни ҳуҷайраи хомӯшак ҳаракат карда истодааст.
МКБ-10 B5050.B5151.B5252. B5353. B5454.
МКБ-9 084084
OMIM 248310
DiseasesDB 7728
MedlinePlus 000621
eMedicine med/1385 
MeSH D008288

Вараҷа, табдард, малярия (итол. malaria, аз malaaria - ҳавои бад) — бемории сироятӣ-трансмиссивӣ мебошад, ки ба одам ҳангоми газидани хомӯшаки модинаи ҷинси Anopheles мегузарад ва онро табларза, калоншави хаҷми испурч, калоншави хаҷми ҷигар ва камхунӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Cолҳои пеш гумон мекарданд, ки сабаби ин беморӣ ҳавои гандида аст — беморие, ки бо табларза падид меояд. Вараҷа дар кишварҳои гармсер, аз ҷумла Тоҷикистон, ба мушоҳида мерасад.[1]

Ангезандаҳои вараҷа дар организми ҳомил ва пашшаҳо силсилаи мураккаби инкишофро аз сар мегузаронанд. Манбаи сирояти вараҷа бемор ё одамони солими ҳомили ғамета мебошанд. Одам аз газидани паш­ша ё хунгузаронӣ сироят меёбад. Гоҳе дар батни модар сироят ёфтани тифл низ мумкин аст. Ба вараҷа хусусан кӯда­кони хурдсол ҳассос мебошанд.

Аломатҳо ва Ташхисҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вараҷаро 4 намуди ангезандаҳо ба вуҷуд меоваранд:

  • P. falciparum — ангезандаи вараҷаи тропикӣ;
  • P. vivax — ангезандаи таби серӯза (таби сея­ка);
  • P. ovale — ангезандаи вараҷаи овале;
  • P. malariae — анге­зандаи таби чаҳоррӯза.

Вараҷа се давра дорад: табларза, таб ва арақ кардан. Бемо­рӣ, одатан, субҳдам (ҳангоми вараҷаи овале соатҳои 18-20) хурӯҷ мекунад. Табларза баногоҳ сар шуда, 1-½ соат тӯлмекашад. Давомати хурӯҷ дар мавриди таби серӯза ва вараҷаи овале 6-8 соат, таби чаҳоррӯза 12-24 соат аст; хурӯҷи вараҷаи тропикӣ бардавом мебошад. Баъди табларза бемор таб карда, бо оғози фуромадани ҳарор. бадан арақ ва ху­дро беҳтар ҳис мекунад, ором шуда, бисёр вақтҳо хоб ме­равад. Дар давраи вуҷуд надоштани таб (апирексия) сало­матии бемор комилан қаноатбахш аст. Таби серӯза — рӯз­ дармиён, таби чаҳоррӯза — баъди ҳар ду рӯз хурӯҷ мекунад; вараҷаи тропикӣ мумкин аст ҳар рӯз хурӯҷ кунад.

Мавсими сироят

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар минтақаҳои иқлимашон муътадил мавсими сирояти ангезаҳо 1,5-3 моҳи то­бистон, дар мавзеъҳои субтропикӣ 5-8 моҳ, дар минтақа­ҳои тропикӣ тамоми сол идома меёбад. Ҳангоми вараҷа масу­ният (иммунитет)-и ноустувор ташаккул меёбад. Бино барин, баъди чанд муддат мумкин аст шахс аз намудҳои ғай­римаъмулӣ (гетерологӣ) ва маъмулӣ (гемологӣ)-и анге­зандаҳои вараҷа такроран сироят ёбад. Давраи ниҳонии вараҷаи тропикӣ 8-10 рӯз, таби серӯзаи кӯтоҳмуддат ва вараҷаи о вале 10-16 рӯз, таби чаҳоррӯза 20-25 рӯз аст. Дар аснои аз ан­гезаҳои таби серӯзаи бардавом сироят ёфтан беморӣ пас аз 8-14 моҳ (дар мавсими эпидемияи дигар) хурӯҷ мекунад.

Барои пешгирии вараҷа саривақт ошкор сохта­ну муолиҷа намудани ҳо­милони ангезандаҳо аҳаммият дорад. Илова бар ин, маҳв кардани пашшаҳои ҷинси Anopheles ва кирминаи онҳо зарур аст.

Бо мақсади пешгирии инфиродӣ аз дору­ҳои хинғамин, фансидар, хинин ва ғ. истифода мекунанд. Онҳоро 3-5 рӯз қабл аз сафар ба мавзеъҳои эндемӣ, дар тамоми муддати он ҷо будан ва 4-8 ҳафтаи баъди боз­гаштан истеъмол кардан лозим аст.

Истифодаи пашшахо­наву тӯрҳои муҳофиз (барои нагазидани пашшаҳо) ва моддаҳои ҳашарахӯсон (реппелентҳо) низ равост.

Аз ҳама доруи бештар паҳгашта барои табобати вараҷа хинин (Quinine) мебошад.

Паҳншавӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2010 дар қаламрави кишвара 112 ҳодисаи гирифтор шудани одамон ба вараҷаи серӯза мушоҳида шуд, ки ин нисбат ба соли 1997, ки 29794 нафар ба он мубтало гашта буд, 268 маротиб коҳиш ёфтаст. Айни замон 70 дарсади беморон аз вилояти Хатлонанд. Ин нишондод дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20 дарсад, вилояти Суғд 3 фоиз ва ВМКБ ва шаҳри Душанбе 1 дарсадро ташкил медиҳад. Айни замон сирояти вараҷа дар ҷумҳурӣ ба ҳадди назаррас коҳиш ёфта, ба ҳар 100 ҳазор нафар дар соли 2010 1,4 нафар рост омад. Бо вуҷуди дастовардҳо дар рафъи бемории вараҷа он ҳанӯз ҳамчун мушкили иҷтимоӣ ва соҳаи тандурустии кишвар боқӣ мондааст.[2]

  • 25 апрел — Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории вараҷа[3].
  1. Сарредаксияи илмии ЭМТ. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик // Ҷилди 3. — Душанбе : ЭР-Граф, 2014, с.477.
  2. Тоҷикистон: молориё решакан мегардад
  3. en:World Malaria Day
  • Алексеева М. И. и другие. Клиника, лечение и химиопрофи-лактика малярии. М.: 1983.
  • Тропические болезни. М.: 1989.
  • Микро­скопическая диагностика малярии. Копенгаген: ВОЗ, 2000.
  • Алиев С. А. Эпидемия малярии в Таджикистане. Д.: 2005.
  • Камардинов Х. К. Инфекционные и паразитарные болезни. Д.: 2009.

Вараҷа // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — С. 477. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.