Нармафзори мобилӣ
Нармафзори мобилӣ, барномаи мобилӣ, замимаи мобилӣ (русӣ: Мобильное приложение, англ. «Mobile app») — нармафзор, ки барои кор дар смартфонҳо, планшетҳо ва дигар дастгоҳҳои мобилӣ пешбинӣ шудааст[1], ва барои платформаи муайян (iOS, Android, Windows Phone ва ғ.) роҳандозӣ шудааст. Бисёре аз нормафзорҳои мобилӣ дар худи дастгоҳ аллакай насб шудаанд ё метавонанд ба он аз онлайн-мағозаҳои нармафзорҳо ба мисли App Store, Google Play, ва дигарон, ройгон ё пулакӣ боргирӣ (русӣ: скачать) карда шаванд.
Дар аввал, замимаҳои мобилӣ барои зуд тафтиш кардани почтаи электронӣ истифода мешуданд, аммо талаби шадиди онҳо боиси густариши онҳо дар соҳаҳои дигар, ба монанди телефонҳои мобилӣ ва бозиҳои GPS, суҳбат, тамошои видео ва истифодаи интернет низ шуд.
Ин истилоҳ аз соли 2007 хеле маъмул гаштааст ва соли 2010 аз ҷониби Ҷамъияти Диалектикии Амрико ба рӯйхати «Калимаҳои сол» шомил карда шуд[2].
Бозори замимаҳои мобилӣ имрӯз хеле рушд кардааст ва бемайлон меафзояд. Statista пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2020 даромади умумии саноати мобилӣ аз 189 миллиард доллар зиёд мешавад[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ПНСТ 277-2018 Российская система качества. Сравнительные испытания мобильных приложений для смартфонов, ПНСТ от 26 июня 2018 года №277-2018. docs.cntd.ru. 22 май 2020 санҷида шуд.
- ↑ » “App” voted 2010 word of the year by the American Dialect Society (UPDATED) American Dialect Society.
- ↑ Topic: Mobile app usage(англ.). www.statista.com. 29 октябри 2019 санҷида шуд.