Jump to content

Нақлиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Таробарӣ (форсӣ: ترابری‎) ё ҳамлу нақл — яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисод аст ва раванди бурдану овардани мусофирҳо, колоҳо ё борҳо аз ҷое ба ҷое бо таробарҳо ё василаҳои нақилияро мегӯянд.

«Таробарӣ» баробари форсии истилоҳи англ. «transportation» (аз лот. trans — «таро-» ва portare — «бурдан») аст, ки аз пешванди «таро-» ва исми масдари «барӣ» аз феъли «бурдан» сохта шуда ва маънияш «ҳамлу нақли коло ё мусофир аз ҷое ба ҷои дигар аст». «Таро-» дар ин истилоҳ бо «trans-» дар корбурду маънӣ ҳамсон аст ва бар «ҳаракат аз як сӯ ба сӯи дигар» далолат мекунад. Он аз «taro-» дар забони авестоӣ гирифта шуда, ки маънояш «аз як сӯ» буда ва ҳамчунин решаи «tar-», ки дар вожаи авестоии «vitara-» ба маънии «гудор; гузаргоҳ» ба кор рафта, ба маънии «гузаштан» ва «бад-он сӯ рафтан» аст[1].

Аз ин вожа дар забони бохтарӣ исми «ταρο» рӯида, ки дар ҷойноми Тармиз боз мондааст: он дар забони балхӣ «ταρμιδο» буда, ки аз «*tara-maiθа-» дар эронии бостон ба маънии «гузаргоҳ» рӯидааст. Тармиз аз қадим яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои рӯди Ому будааст. Ҳамин вожа дар забонҳои шуғнӣ-рӯшонӣ ба гунаи «тарӯ / тарав» боз мондааст.

Намудҳои таробарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таробарӣ вобаста ба равиши бурдану овардани мусофирҳо ва бору колоҳо чанд намуд мешавад:

  • Таробарии ҳавоӣ — ҳамлу нақл бо ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва дигар ҳавогардҳо;
  • Таробарии заминӣ — ҳамлу нақл бо худравҳо, қаторҳо, утубусҳо ва дигар таробарҳои борӣ ва мусофирбарӣ;
  • Таробарии обӣ — ҳамлу нақл бо киштиҳо ва зердарёиҳо;
  • Таробарии кайҳонӣ — ҳамлу нақл бо моҳворабарҳо, кайҳонпаймоҳо.
  1. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 137—139