Jump to content

Ноҳияи Бахмал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Бахмал
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Oʻsmat[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1970
Масоҳат
  • 1 860 км²
Баландӣ
1 244 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Бахмал (ӯзбекӣ: Baxmal tumani) — ноҳия, воҳиди маъмурӣ дар шимоли вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Маркази маъмурӣ — шаҳраки Усмат. 8 майи соли 1943 ташкил шудааст.

Бахмал бо ноҳияи Ғаллаарал, Ҷиззах, Зомин, вилояти Самарқанд ва ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Аҳолиаш 122,5 ҳазор нафар (2001), асосан ӯзбекҳо ва тоҷикон, инчунин русҳо, уйғурҳо, қирғизҳо ва ғ. зиндагонӣ мекунанд. Масоҳаташ 1,86 ҳаз. км2.

Ҳудуди Бахмал асосан аз ҳамвориҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳҳо иборат мебошад. Қисмати ҷанубии Бахмалро қаторкӯҳҳои кӯҳҳои Туркистон ва шим. ғарбии онро кӯҳи Молгузар иҳота карда, дар мобайни онҳо водии Сангзор доман паҳн кардааст.

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахмал 10 ҷамоати деҳот (Бахмал, Боғишамол, Барлос, Сангзор, Гумбулоқ, Муғол, Ойқор, Оқтош, Тонголоқ, Узунбулоқ) ва як ҷамоати шаҳраки Усмат (маркази ноҳия) дорад.

Ёдгориҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар маркази ноҳия чашмаи таърихии Бобо Саъди Ваққос воқеъ аст.

  • Ӯзбекистон миллий энциклопедияси. Ҷ.1. Тошкент, 2000.