Ноҳияи Тӯп
Зоҳир
Ноҳияи Тӯп | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Қирғизистон |
Вилоят : | Иссиқ-Кӯл |
Марказ: | Тӯп |
Замони таъсис : | 8 феврали 1935 |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 2121 км² |
Мардум | |
Аҳолӣ (2009) : | 58 786 ҳаз. кас |
Забони расмӣ : | қирғизӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | қирғизӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Замон : | UTC +6 |
Вебгоҳ : | .ky |
Ноҳияи Тӯп (қирғ. Түп району) —воҳиди маъмурӣ дар шимолу шарқи вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон.
8 феврали соли 1935 ташкил карда шудааст. Маркази маъмурӣ деҳаи Тӯп мебошад. Соли 1962 ноҳияи Тӯп бо ноҳияи Қаракол ҳамроҳ карда шуд.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи барӯйхатгирии соли 2009 дар Қирғизистон, қирғизҳо аз 58 786 сокини ноҳия 51 578 нафар (ё 87,7%), қазоқҳо - 3624 нафар ё 6,2%, русҳо - 2571 нафар ё 4,4%, балқарҳо - 209 нафар ё 0,4%, укроинҳо - 174 нафар ё 0,3%, калмикҳо- 171 нафар ё 0,3%, ӯзбекҳо - 139 нафар ё 0,2%, дигарон - 320 нафар (0,5%)-ро ташкил медиҳанд.
Тақсимоти маъмуриву минтақавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ноҳияи Тӯп 12 ҷамоат (деҳот), 35 аил (деҳа) ва 1 шаҳрак шомиланд [1]:
- Шаҳак Ақ-Булоқ;
- Ақ-Булун: д. Ақ-Булун (марказ), Беловодское, Фрунзе;
- Ҷамоати Арал: д. Мин-Булоқ (марказ), Арал, Долон, Кош-Дёбё, Сари-Дёбё;
- Ҷамоати Иссиқкӯл: д. Иссиқкӯл (марказ), Интимак;
- Ҷамоати Карасаев: д. Тасма (марказ), Токтоян, Чон-Тогуз-Бой;
- Ҷамоати Кутургин: д. Кутургу (марказ), Кичи-Орюкту, Ой-Булоқ, Ой-Тал;
- Ҷамоати Михайлов: с. Михайловка (марказ);
- Ҷамоати Сан-Тош: д. Байзак (марказ), Каркира, Кен-Суу, Сан-Тош, Сари-Телегей;
- Ҷамоати Сари-Булоқ: д. Балбай (марказ), Кюрментю;
- Ҷамоати Талди-Суу: с. Талди-Суу (марказ), Ичке-Суу, Кёочу, Корумду;
- Ҷамоати Тогуз-Булоқ: д. Тогуз-Булоқ (марказ), Сари-Булун;
- Ҷамоати Тӯп: д. Тӯп (марказ), Бирлик, Шати;
- Чон-Тош: д. Чон-Тош (марказ), Ҷилуу-Булоқ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аильные округа и сёла Иссык-Кульской области(пайванди дастнорас)