Қазоқҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Дин

Қазоқҳо (қаз.: қазақтар /qɑzɑqtɑr/; ш.танҳо /qɑzɑq/ қазақ) — халқи турк ва аҳолии асосии Қазоқистон. Онҳо инчунин дар минтақаҳои ҳамшафати Қазоқистон, Чин,Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи шумора дуввум дар Муғулистон дуюм, дар Ӯзбекистон сеюм ва дар Туркманистон чорум. Аз ҷиҳати антропологӣ қазоқҳо ба нажоди Сибири ҷанубӣ тааллуқ доранд, ки байни нажодҳои калони муғулоид ва қафқозӣ гузаранда мебошанд [1]. Забонашон қазоқӣ буда, ба зергурӯҳи қипчоқӣ-ноғойӣ ба гурӯҳи забонҳои туркӣ дохил мешавад.Бо русӣ ва дигар забонҳо низ васеъ гуфтугӯ мекунанд.[2]. Этноси қазоқ дар асри 15 баъди муттаҳид шудани қабилаҳои турк ва муғул ташаккул ёфт.

Этимология[вироиш | вироиши манбаъ]

По основной версии, слово «қазақ» в переводе с древнетюркского языка означает «свободный, вольный, независимый человек».

Дар сарчашмаҳои хаттии мусулмонӣ ин вожа дар як луғати беном турки-арабӣ, ки эҳтимол дар Миср тартиб дода шудааст, аз дастнависи соли 1245 маълум ва аз ҷониби М. Ҳутсм соли 1894 дар Лейден нашр шуда, бо маънои «кӯчманчӣ», «саргардон» вомехӯрад.

Дашти Қирғиз-Қайсак дар харитаи соли 1793

Дар Русияи шоҳӣ ва шӯравӣ аз соли 1734 то 1925 қазоқҳои ҳозираоро қирғиз-қайсак ё қирғиз меномиданд, то онҳоро бо казакҳо иштибоҳ насозанд.


19 апрели 1925 Съезди 5-умин съезди Советҳои Умумиқазоқӣ «Дар бораи барқарор намудани номи «қазоқҳо»-и миллати қирғиз» қарор қабул кард: акнун қирғизҳо қазоқ номида мешаванд[3]. Аз ин лаҳза дар СССР истифодаи номи дурусти қазоқҳо оғоз шуд, ҶМШС Қирғизистон ба ҶМШС Қазоқистон тағйири ном кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]