Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ
Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ё хунаристон (порсӣ:هنرستان) — муассисаҳои ҳунаромӯзиест, ки аз тамомкунандагони синфҳои 8-ум ва мактабҳои миёна мутахассисони касбҳои техникӣ тайёр мекунанд. Соли 1958 таъсис ёфтаанд.
Тамомкунандагони синфи 8 дар Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ маълумоти миёна мегиранд касбу ҳунар меомӯзанд ва баъд ба корхонаҳои саноатӣ рафта кор мекунанд. Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ шаҳрӣ (ГПТУ) ва қишлоқӣ (СПТУ) мешаванд. Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии шаҳрӣ барои корхонаҳои саноатӣ сохтмон, наклиёт, алоқа, хидмати маишӣ, Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии қишлоқ барои соҳаҳои хоҷагии қишлоқ кадр (механизатор, чорвопарвар, говҷӯш, занбӯри асалпарвар, сабзавоткор ва ғайра) тайёр мекунанд. Ба талабагоне, ки бо баҳои аъло хондаанд ва интизоми хуб доштанд, баъди хатми Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ дипломи аъло дода мешавад ва гирандаи ин диплом баробари онҳое, ки мактаби миёнаи маълумоти умумиро бо медали тило хатм намудаанд, имтиёз дорад.
Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ба тамомкунандагон дараҷаи инхтисос (разряд, класс, категория) медихад ва ин дараҷа барои кор дар тамоми корхона, муассиса ва ташкилотҳои ИҶШС ҳуҷҷат аст.
Дар СССР, аз ҷумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон шумораи Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ сол то сол меафзояд. Соли таҳсили 1982—83 дар республика 68 омӯзишгох, аз ҷумла 34 Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии шаҳрӣ, 24 Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии қшплоқӣ, 9 омӯзишгоҳи техникӣ ва ғайра вуҷуд дошта, дар онҳо 30260 нафар хонанда таҳсил мекард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.