Осорхонаи политехникӣ
Зоҳир
Осорхонаи политехникӣ | |
---|---|
Санаи асосгузорӣ | 1872 |
Сайт | polytech.one/ru |
Осорхонаи политехникӣ дар Викианбор |
Осорхонаи политехникӣ (рус. Политехнический музей (Политех) — яке аз қадимтарин осорхонаҳои илмӣ-техникии дунёст, ки дар шаҳри Маскав, дар Майдони нав (Новая площадь) қарор дорад. Соли 1872 бо ташаббуси ҷамъияти дӯстдорони илмҳои табии ва олимони Донишгоҳи давлатии Маскав Григорий Шуровский, Анатолий Богданов ва Август Давидов ташкил ёфтааст.
Соли 1972 ба шарафи садсолагии осорхонаи политехникӣ, ҳайъати кормандонаш бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардонида шуданд. Соли 1991 осорхонаи политехникӣ мероси махсус ва қимати халқҳои Русия эълон карда шуд. Аз соли 2013 дар осорхона таъмир рафта истодааст ва он то соли 2025 дар назар гирифта шудааст. Намоишҳои осорхона дар вақти таъмир дар ВДНХ ва технополис «Москва» баргузор мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Осорхонаи политехникӣ дар Викианбор |