Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ
Таърихи таъсис 1 август 1939
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Ноҳияи Останкинский
Доранда Government of Moscow[d]
Сабки меъморӣ Stalinist architecture[d]
Appears in the heritage monument list list of cultural heritage sites in Ostankinsky, North-Eastern Administrative Okrug of Moscow (Russia)[d]
Навъи асари бостонӣ federal cultural heritage site in Russia[d][1][2]
Вебгоҳи расмӣ vdnh.ru
Directions проспект Мира, 119
 Парвандаҳо дар Викианбор

Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (русӣ: Выставка достижений народного хозяйства) (ВДНХ) (солҳои 1939-1959 - Намоишгоҳи умумииттифоқии кишоварзӣ (ВСХВ), дар солҳои 1959-1991 — Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи СССР (ВДНХ СССР), дар солҳои 1992-2014 – маҷмааи намоишӣ дар ноҳияи Останкино, ноҳияи маъмурии шимолу шарқии Маскав, дуюмин маҷмааи намоишӣ дар шаҳри Маскав. Ба 50 маркази калонтарини намоишгоҳи ҷаҳон шомил карда шудааст. Ҳар сол ба ВДНХ 30 миллион меҳмонон ташриф меоранд. 1 августи соли 2019 намоишгоҳ 80-солагии худро ҷашн гирифт.

ВДНХ аз соли 2014 аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба боғи Останкино ва боғи асосии ботаникӣ муттаҳид шудааст, масоҳати умумии онҳо тақрибан 700 гектарро ташкил медиҳад: 240,2 гектар - майдони ВДНХ, 75,6 гектар - боғи Останкино, 361 гектар - Майдони ГБС, 9,5 гектар осорхона ва маркази намоишгоҳи "Коргар ва Колхозчи" ва майдон дар назди аркаи даромадгоҳи асосӣ. Дар қаламрави намоишгоҳ шоҳкориҳои зиёди меъморӣ мавҷуданд - "49 иншооти ВДНХ ҳамчун ёдгории мероси фарҳангӣ эътироф карда шудаанд". Онҳо ёдгориҳои даврони шӯравӣ, намунаи ашёи меъморӣ мебошанд. Ёдгориҳои классикии ВДНХ барҷастатаринҳояшон ин муҷассамаи: "Коргар ва колхозчи"-и муҷассамасоз Вера Мухина ва меъмор Борис Иофан, фаввораҳои "Дӯстии халқҳои СССР", "Гулҳои сангин", павилонҳои "РСС Украина", "РСС Ӯзбекистон" ва "Космос" мебошанд. [3]

Намоишгоҳи ҶШС Тоҷикистон
Пештоқи даромадгоҳи асосии НДХХ
Намоишгоҳи асоси
Намоишгоҳи «Қирғизистон» (пештар «ҶШС Эстония»)
Намоишгоҳи «Кишоварзӣ»

Ҷолиб[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин ҷо барои дастовардҳои хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон дар замони шӯравӣ, соли 1939 аз ҷониби меъморон М. А. Захаров ва А. Е. Антоненко, намоишгоҳ бо номи «Таджикская ССР» сохта шуда буд, дар соли 1950, аз тарафи меъморон Е. Д. Капустян ва А. Б. Карычев азнавсозӣ карда шуда буд, аммо дар соли 1966 вайрон карда шуд. Ҳоло дар ҳамон ҷо сохтмони намоишгоҳи "Атомная энергетика" рафта истодааст.

Расм Ном Санаи сохтан, бозсозӣ, муаллифон[4]

Соли вайрон кардан

Сабаби вайрон кардан
«Таджикская ССР»[5] 1939, меъморҳо М. А. Захаров, А. Е. Антоненко; 1950, меъморҳо Е. Д. Капустян, А. Б. Карычев[6] 1966 Намоишгоҳи дигар сохта шуд

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Приказ Министерства культуры Российской Федерации № 1693 от 01.06.2015
  2. Приказ Министерства культуры Российской Федерации № 540 от 20.04.2018
  3. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%92%D1%8B%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%B2%D0%BA%D0%B0_%D0%B4%D0%BE%D1%81%D1%82%D0%B8%D0%B6%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B9_%D0%BD%D0%B0%D1%80%D0%BE%D0%B4%D0%BD%D0%BE%D0%B3%D0%BE_%D1%85%D0%BE%D0%B7%D1%8F%D0%B9%D1%81%D1%82%D0%B2%D0%B0
  4. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A1%D0%BF%D0%B8%D1%81%D0%BE%D0%BA_%D0%BF%D0%B0%D0%B2%D0%B8%D0%BB%D1%8C%D0%BE%D0%BD%D0%BE%D0%B2_%D0%B8_%D1%81%D0%BE%D0%BE%D1%80%D1%83%D0%B6%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B9_%D0%BD%D0%B0_%D0%92%D0%94%D0%9D%D0%A5
  5. Павильон «Таджикская ССР»: путеводитель / Всесоюз. с.-х. выставка. — М.: ОГИЗ; Сельхозгиз, 1939. — 38 с.: ил.
  6. Зиновьев, 2014, с. 201—202.