Портиҳо
Портиҳо — мардумонест, ки дар ҳазораи 1 то мелод ва асрҳои аввали милод, ҷанубу шарқтар аз дарёи Хазар, дар ҳуҳуди Туркманистони Ҷанубӣ ва Хуросон иқомат доштанд.
Бо яке аз забонҳои эронӣ гап зада, асосан бо деҳқонӣ машғул буданд. Иншооти обёрии Порт ҳанӯз дар ҳазораи 1 то мелод маълум буд. Портиҳо ба ҳайати шодии Мод. баъдтар дар аҳди Куруши II ба давлати Ҳахоманишиён дохил шуда, ба он андоз медоданд ва қӯшунро бо ҷанговарон таъмин мекарданд. Дар аҳди Дорои I дар Порт ва Гиркания (Гургон) шӯриш cap зад (муҳорибаҳои 8 март ва 12 июли 521), ки онро қӯшуни Ҳахоманишиён бо душворӣ пахш кард.
Солҳои 20 асри 4 то мелод Портиҳоро Искандари Мақдунӣ ба худ тобеъ намуд. Соли 281 то мелод Портиҳо ба тасарруфи империяи Селевкиён гузаштанд. Тақрибан соли 250 то мелод давлатӣ мустақили Порт ба вуҷуд омада, асоси онро ҳудуди ишғолкардаи Портиҳо ташкил медод. Дини асосии Портиҳо зардуштӣ буда, Митра ва Наиаро низ мепарастиданд.
Хати портӣ дар заминаи алифбои оромӣ ба вучуд омад. Аз ёдгориҳои адабиёти даҳрӣ танҳо нусхаҳои ҷоиз боқӣ мондаанд. Охири асри 6 ҷои забони портиро форсӣ гирифт.
Аҷдоди Портиҳои қадим дар ташаккули туркманҳои Осиёи Миёна ва форсҳои Хуросон (Эрони Шарқӣ) роли калон бозидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Портиҳо // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).