Прокуратура

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Прокуратура — мақомоти мутамарказонидашудаи давлатӣ буда, тибқи Констнтутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои аниқ ва татбиқи якхелаи қонунҳоро дар қаламрави ҶТ дар ҳудуди салоҳияташон ба амал мебароранд (м. 93 Конститутсия). Тарзи ташкил, фаъолият ва салоҳияти прокуратура дар Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ» зикр шудааст. Вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ иборат буда, баҳри ҳимояи мустақилият ва ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии ҶТ, ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон равона карда шудаанд. Мақомоти прокуратура иҷрои аниқи қонунҳоро аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои ҶТ, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳалй, мақомоти идораи ҳарбй, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳои диннӣ ва ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор назорат мекунад. Низоми мақомоти прокуратураи ҶТ-ро воҳидҳои он ташкил мекунад:

  • Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Сарпрокуратураи ҳарбй,
  • прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе,
  • прокуратураи нақлиётӣ,
  • прокуратураи ноҳияҳо, шаҳрҳо,
  • прокуратураи ҳарбй ва дигар прокуратураҳои махсус гардонидашуда.[1]

Дар таъмини қонуният ва тартиботи хуқуқи ва хифзи манфиатҳои ташкилотхо ва шаҳрвандон мақомоти прокуратура ҳиссаи калон мегузарад. Фаъолияти макомоти прокуратура мувофики Конун " Дар бораи Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки 30 апрели 1992 кабул карда шудааст, ба танзим дароварда мешавад. Тибки моддаи 1-уми ин Қонун Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори тобеи он риоя ва истифодаи якхелаи қонунҳои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, Шурои маҳаллии депутатҳои халқӣ, корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шаклҳои моликияти онҳо, макомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ, хизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои оммавӣ, мансабдорон ва шаҳрвандон назорат мекунанд.

Вазифаҳои прокуратура таъмин намудани волоии қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ буда, бо мақсади муҳофизати истиқлол ва хуқуқи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои ичтимоию иктисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳукуқу озодиҳои шаҳрвандон, асосоҳои сохтори демократии Ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти ҳуқуқӣ майомоти намояндагии маҳаллӣ, мақоми давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 385