Jump to content

Профессор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Профессор (лот. professor — омӯзгор) — унвони илмӣ ва вазифаи хидматии омӯзгорӣ дар муассисаи олии касбии таълимӣ ё, ки ходими илмӣ дар пажӯҳишгоҳи (институти) илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Унвон бори аввал дар асри XVI дар донишгоҳи Оксфорд мавриди истифода қарор гирифтааст.[1]

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи санадҳои меъёри-ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касби дар Тоҷикистон, дар макотиби олӣ унвонҳои илмии профессор ва дотсент муқаррар карда мешавад. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки маъмулан дараҷаи илмии доктори илм дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ корҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ мебарад.[2]

Донистаниҳои ҷолиб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Испания (исп. Profesor), Португалия, Франсия (фр. Professeur) ва Америкаи Лотинӣ вожаи «профессор» — нисбати ҳамаи омӯзгорони мактаб, донишкада, мактаби техникӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, коллеҷу донишгоҳҳо истифода мебаранд. «Профессор» инчунин, номгузории омӯзгори мактаби ибтидоӣ ва миёна аст. Аммо, агар ӯ дар донишгоҳ дарс диҳад, омӯзгорро «профессори донишгоҳ» меноманд. Мудири кафедраро — «профессори кафедра». Дар Испания ва Португалия омӯзгорони донишгоҳро танҳо «профессор» ном мебаранд.[3]