Радиои «Ҳамсадо»
Гурӯҳи «Ҳамсадо Медиа» | |
Шаҳр | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Шиор | Ҳамсадо — ҳамсадои дили Шумо! |
Формат | фарҳангӣ, рақсӣ |
Басомад | 94,4 FM |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Минтақаи пахш | Тоҷикистон 94.4 FM, Ҷаҳон дар Hamsado FM |
Забон | тоҷикӣ, русӣ |
Таърихи оғози пахш | 10 декабри 2018 |
Бунёнгузор | Комил Сафарзода |
Роҳбарон | [http://Фаридуни Мансур Хайруллозода] |
Вебгоҳ | hamsado.tj |
https://facebook.com/hamsado/ | |
Пахши зинда | onlineradiobox.com/tj/ha… |
Барнома | HAMSADO FM дар play market ва app store |
Радиои «Ҳамсадо» — яке аз радиоҳои хусусӣ дар Тоҷикистон.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Радиои «Ҳамсадо» аз тарафи гурӯҳи Hamsado MEDIA т таъсис ёфта[1], 10 декабри соли 2018 расман ба фаъолият оғоз намуд[2]. Ҳаҷми радиошунавонӣ дар як шаборӯз 24 соат мебошад. Дар ҳудуди Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барномаҳои радиои «Ҳамсадо» бо забони тоҷикӣ ва фақат 20%-и барномаҳо бо забони русӣ пешниҳод мешаванд.
Формати асосии радиои «Ҳамсадо» ин таронаҳои миллӣ, рақсӣ ва тоҷикӣ аст.
Ҳадаф ва пахш
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷоди эҳсосоти мусбат ва табъи болида, тавозуни дақиқи маводи мусиқӣ ва пешниҳоди ҷолиби иттилоот вобаста ба фарҳанг, иқтисод ва варзиш аз ҳадафҳои радиои Ҳамсадо аст. Ҳадафи асосии радиои «Ҳамсадо» ин тарғиби фарҳангӣ миллии тоҷикист. Ҳамин аст, ки 90 фисади таронаҳои радио, ин сурудҳои машҳур ва дӯстдоштании тоҷикӣ аст.
«Ҳамсадо» натанҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми ҷаҳон бо нармафзори HAMSADO FM қобили шунидан аст.
Барномаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барномаҳои «Кино-хит», «ТОП-10 — далел», «HAMSADO MUSIC AWARDS», «Не очень серьезные новости», «Ин соат», «Таманно», «Техно-Тайм», «Ҳамсафар», «Намоҳанг», «Ҳамсадо, иқтибос меоварад…» дар бораи масоили асосии рӯз барои мардум қисса мекунанд.
- Намоҳанг — бахшест, ки ҳар соат шунавандагонро бо таронаҳои ҷадидтарин ошно мегардонад. Ҳамкории зич бо сарояндаҳои машҳури тоҷик ба он оварда расонид, ки нахустнамоиши ҷаҳонии қариб ҳамаи таронаҳо дар радиои «Ҳамсадо» баргузор мешаванд.
- Барномаи «Техно-Тайм» — дар давоми чанд дақиқа шунавандагонро бо ахбори тозаи соҳаи технология ошно мегардонад.
- Шоу-и «Мега-Микс» дар пешниҳоди Dj Ramiro — коргардони овози радиои «Ҳамсадо» ягона шоу дар Тоҷикистон бо чунин формат аст. Яъне таронаҳои тоҷикӣ дар шакли нав (ремикс) пешниҳод мешаванд.
- Лоиҳаи ҷумҳуриявии «HAMSADO MUSIC AWARDS» — ҳар ҳафта раддабандии таронаҳои машҳуру писандидаро муайян менамояд, ки маросими ҷоизасупории он ҳар сол бо иштироки доираи васеъи сарояндаҳо, ҳамкорон ва шунавандагон баргузор мегардад.
- «Кино-хит» барномаи ҷолибест, ки ҳар рӯз шунавандагонро бо эҷоди синамогарони ватаниву хориҷӣ ошно мегардонад.
Навгониҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Радиои «Ҳамсадо» аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ба имкониятҳои нави фаннӣ аҳамияти аввалиндараҷа дод. Барои ҷалби ҳарчи бештари шунавандагон барои аввалин бо нармафзори худро аз сифр таҳрезӣ намуда дар базаи iOS ба кор андохт. Ҳамчунин аввалин маротиба «Ҳамсадо»-ро шунавандагон метавонанд тамошо намоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Radio Hamsado(рус.). OnlineRadioBox.com. 6 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Новая радиостанция появилась в Таджикистане(рус.). Яндекс Дзен. 6 Январ 2020 санҷида шуд.