Ҳамсадо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дар сохта шудани ҳамсадоҳои тоҷикӣ лабҳо, забон, забонча ва ҳалқ саҳми бештар доранд ва узви фаъол ҳисоб мешаванд. Вобаста ба ҳамин ҳамсадоҳо ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) лабӣ, б) забонӣ, в) забончагӣ, г) ҳалқӣ. Ба гурӯҳи ҳамсадоҳои лабӣ фонемаҳои б, п, м, в, ф дохил мешаванд. Ин ҳамсадоҳо боз ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) лабулабӣ (б, п, м); б) лабудандонӣ (в,ф). Ҳамсадоҳои забонӣ чаҳордаҳ фонемаро дар бар мегиранд: д, т, н, з, с, л, ж, ш, ч, ҷ, р, й, г, к. Вобаста ба кори қисмҳои гуногуни забон ҳамсадоҳои мазкур ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: а) пешизабонӣ: д, т, з, с, ж, ш, ч, ҷ, р, л, н. б) байнизабонӣ: й; в) бехизабонӣ: г, к.Ба гурӯҳи ҳамсодоҳои забончагӣ се фонема дохил мешавад: ғ, х, қ. Ба гурӯҳи ҳамсадоҳои ҳалқӣ фонемаҳои ъ ва ҳ дохил мешаванд. Аз рӯйи иштироки узвҳои ғайрифаъол ҳамсадоҳои тоҷикӣ ба гурӯҳҳои лабулабӣ (б, п, м), лабудандонӣ (в, ф), дандонӣ (д, т, з, с), пешкомӣ (ж, ш, ҷ, ч, л, р), байникомӣ (й), паскомӣ (г, к), бехизабонӣ (ғ, х, қ) ва ҳалқӣ (ъ, ҳ) ҷудо мешаванд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.-с.23