Саломатӣ
Тандурустӣ, саломатӣ ва ё беҳдошт — иборат аст аз таъмини рифоҳи комили ҷисмӣ ва равонӣ ва иҷтимоии инсон аст. Бино бар таърифи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, тандурустӣ танҳо фақадани беморӣ ё тавақуси дигар дар бадан нест, балки «тандурустӣ надоштани ҳеч гуна мушкили равонӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саломатии ҷисмонӣ барои ҳар фарди ҷомеаъ аст.»[1]
Саломатӣ — солимии табиӣ, маънавӣ ва ii иҷтимоии инсон мебошад. Саломатӣ ба инсон имконият медиҳад, ки муддати дароз ва фаъолона дар шароитҳои гуногунӣ муҳит кор ва фаъолият намуда, ба шароитҳои номусоиди он тоб оварда муқовимат кунад то ин, ки суботкории хешро нигоҳ дорад. Дараҷаи саломатиро фаъолияти эътимодноки силсилаҳои алоҳида, алоқа бо муҳити атроф, қобилияти корӣ, имконияти васеи мутобиқшавӣ, захираҳои ҷавоб доданро ба таъсиротҳои гуногун муайян мекунад. Ҳангоми аз ҳадд берун амал кардани қувваҳои муҳовизаткунанда ва нигоҳдоранда ҳолате ба вуқуъ мепайвандад, ки онро ҳолати муқобили беморӣ меноманд, ки вай боиси инкишофи беморӣ мегардад.
Давраҳои синусолӣ он давраҳое мебошанд, ки барои интиҳои марҳалаи муайяни инкишофи инсон заруранд. Ба ҳар як давра хусусиятҳои сохторӣ, вазифавӣ, равонӣ, дараҷаи мутобиқшавӣ ва инчунин хосиятҳои ҷараёни беморӣ хос аст.
Давраи батнӣ аз лаҳзаи обистании тухмҳуҷайра то таваллуд (9 моҳ)-ро дарбар мегирад ва аз марҳалаи рушди ҷанин (8 ҳафта) ва марҳалаи рушди машима иборат мебошад. Дар марҳалаи охир силсилаи ҳамил — машима- модар шакл гирифта амал мекунад. Ба кори муътадили ин силсила ҷараёнҳои давраҳои пеш ва баъд аз таваллуд вобастагӣ дорад.
Дар давраи пешазтаваллуд рушди босуръати он сохторҳое сурат мегирад, ки дар лаҳзаи таваллуд зиндагии тифлро дар шароити берунибатнӣ таъмин карда тавонад.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%A8%DB%8C%D9%85%D8%A7%D8%B1%DB%8C