Jump to content

Теддӣ Ринер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Теддӣ Ринер
фр. Teddy Riner
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард[1]
Кишвар
Тахассус ҷуду[2]
Зодрӯз 7 апрел 1989(1989-04-07) (35 сол)
Зодгоҳ
Қад 225 сантиметр
Вазн 138 кг
Вебгоҳи расмӣ(фр.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Теддӣ Пйер-Марӣ Ринер (фр. Teddy Pierre-Marie Riner, тав. 7 апрели 1989, Пуанте-а-Питре, Гваделупа) — ҷудукори фаронсавӣ, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ (2012, 2016), қаҳрамони 11-каратаи ҷудуи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи ҷудуи Аврупо, қаҳрамони чандкаратаи ҷудуи Фаронса. Дар вазни беш аз 100 кг баромад мекунад. Пурҷоизатарин варзишгар дар таърихи қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон. Се маротиба ҳамчун варзишгари сол дар Фаронса эътироф шудааст (2012, 2016, 2017).

Лақаби варзишӣ — «Хирс Теддӣ»[3] (англ. Teddy bear), «Теддии бузург». Қад — 205 см, вазн — тақрибан 125 кг.

Аз соли 2008 дар сатҳи калонсолон, ӯ танҳо ду бор шикаст хӯрдааст: 15 августи соли 2008 дар даври ниманиҳоии Бозиҳои олимпӣ дар Пекин аз Абдулло Тангриеви узбакистонӣ ва 13 сентябри соли 2010 дар даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон дар вазни мутлақ аз ҷудукори ҷопонӣ — Доикӣ Камикава. Аз соли 2010 инҷониб вай дар рӯи татамӣ шикастро намедонад ва аз он вақт пай дар пай зиёда аз 140 ғалаба ба даст овардааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гарчанде ки Ринер дар Гваделупа таваллуд шудааст, каме пас аз таваллуди Теддӣ оилаи ӯ ба ноҳияи Порис кӯчид . Дар синни 5-солагӣ, Ринер ба клуби варзишии «Аквабулвар» (фр. Aquaboulevard Оғоз кард фр. Aquaboulevard) барои тамрин дохил шуд.

Корномаи варзишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ринер (бо ранги кабуд) пас аз пирӯзӣ дар даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон (2010) бар Андреас Толзер

Ринер қаҳрамони дукаратаи ҷудуи ҷаҳон байни наврасон (2006, 2008) ва инчунин қаҳрамони ҷудуи Аврупо байни наврасон (2006) буд. Ринер бори аввал соли 2007 дар Рио-де-Жанейро дар синни 18 солу 5-моҳагӣ қаҳрамони ҷудуи ҷаҳон байни калонсолон шуд, ки ин ҷавонтарин қаҳрамони ҷудуи ҷаҳон дар таърихи ҷуду байни мардон шуд (ҷудукори машҳури ҷопонӣ Рёко Тани дар соли 1993 дар синни 18 ва 1-моҳагӣ аввалин қаҳрамони ҷудуи ҷаҳон шуд).

Соли дигар дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Пекин; 2008) Ринер ғайриинтизор дар даври ниманиҳоӣ аз ҷудукори узбак Абдулло Тангриев мағлуб шуд ва сипас дар қувваозмоӣ барои нишони биринҷӣ Лаша Гуджежиании гурҷиро мағлуб кард. Моҳи декабри соли 2008 Тедди аввалин қаҳрамони ҷудуи ҷаҳон дар вазни мутлақ гардид.

Моҳи сентябри соли 2010, дар Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон дар Токио, Ринер дар вазни беш аз 100 кг нишони тило ва инчунин дар намуди мутлақ нуқра ба даст овард (дар финал Доикӣ Камикаваи ҷопонӣ аз Тедди қавитар буд). Моҳи августи соли 2011 вай дар Қаҳрамони ҷудуиҷаҳон дар Порис 2 нишонитило ба даст овард (яке аз нишонҳо дар қувваозмоиҳои дастаҷамъӣ ба даст омаданд).

Ринер бо нишони тилои Олимпиадаи соли 2012

Соли 2012 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон ӯ дар даври ниҳоӣ Александр Михайлинро мағлуб карда, қаҳрамон шуд. Дар охири соли 2012 Ринераз ҷониби рӯзномаи L'Équipe беҳтарин варзишгари Фаронса эътироф карда шуд.

Соли 2016 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро ӯ бори дувум қаҳрамони олимпӣ шуд ва дар даври ниҳоӣ ҷудукори ҷопонӣ Ҳисайошӣ Харасаваро мағлуб кард. Ринер дастоварди ҷудукори дигари фаронсавӣ Давид Дюйлеро, ки дар вазнҳои вазнин дар бозиҳои солҳои 1996 ва 2000 ғолиб омадааст, такрор кард. Инчунин дар Бразилия Ринер дирафши Фаронсаро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо бардошт.

2 сентябри соли 2017 дар Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон дар Будапешт ӯ бо шикаст додани ҷудукори бразилӣ Давид Моуру дар даври ниҳоӣ қаҳрамони 10-каратаи ҷудуи ҷаҳон шуд.

Соли 2020 дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги ҷудуи Париж дар рақобати сеюм аз Кокоро Кагураӣ ҷопонӣ мағлуб шуд[4] . Ин бохт ба силсилаи беназири 154 пирӯзии ӯ, ки аз моҳи сентябри 2010 дар тӯли 9 сол идома дошт, хотима гузошт.

Ҷоизаҳои давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Барандаи ордени «Хидмат»(2008)
  • Барандаи ордени «Легиони бошараф» (2013)
  • Ордени Корманди хидматнишондода (2016)[5]
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Promotion spéciale des jeux Olympiques et Paralympiques d’été de Tokyo 2020 (фр.): Décret du 8 septembre 2021 portant promotion et nomination dans l’ordre national de la Légion d’honneur — 2021. — нашри 211. — ISSN 0242-6773
  3. «Медвежонок Тедди» не пойдет на церемонию открытия. Бойгонӣ шудааст 22 августи 2016  сол. // «Советский спорт». 8 августа 2008.
  4. Martin Goillandeau and John Sinnott CNN. French judo great loses first fight in nearly 10 years. CNN. 20 феврали 2020 санҷида шуд.
  5. Décret du 30 novembre 2016 portant promotion et nomination(фр.)