Транзистор
Зоҳир
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Транзистор (инглисӣ: transistor), триоди нимноқилӣ — қисми афзори радиоэлектронӣ. Транзистор асосан барои пурқувваткунӣ ва табдилдиҳии сигналҳои электрӣ ба кор бурда мешавад. Транзистор дорои се электрод мебошад. Транзисторҳо аз рӯи усули коркунӣ ва хосиятҳояшон ба ду синф ҷудо карда шудаанд: биполярӣ ва униполярӣ.
Соли 1956 барои ихтироъи транзистор Уилям Шокли, Ҷон Бардин ва Уолтер Браттейн мукофоти нобелиро дар соҳаи физика соҳиб шуданд.
Дар схемаҳо транзистор бо ҳарфҳои «VT», «Q» ё «Т» ифода карда мешавад. Транзистор аз тиристор фарқ дорад.