Jump to content

Филология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Филология (аз юн.-қад. φιλολογία, «меҳр ба сухан») — номгӯи маҷмӯи фанҳоест (забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, матншиносӣ ва диг.), ки маданиятро тавассути матн азхуд менамоянд. Забоншиносӣ на ҳама вақт ба филология дохил карда мешавад, зеро, ки: он доимо матнҳоро ташхис наменамояд ва доимо бо қисми маданиятии онро дарбар намегирад. Ба забоншиносӣ ба илмҳои дақиқ наздиктар будан хоса аст, назар ба дигар фанҳое, ки ба гурӯҳи фанҳои филология дохиланд. Дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Иттифоқи Шӯравӣ забоншиносӣ дар бахшҳои филологӣ азхуд карда мешаванд; дар Амрико ва дигар давлатҳои Аврупо ҳамчун филология тадқиқот ва ташхиси матнҳои қадим ва асрҳои миёнаро дар назар доранд, омӯхтани забонҳо ва назарияҳои онҳоро ҳамчун илми мустақил мешиносанд.

Дар луғати Дал «филология» — (юн. меҳри сухан) илм ва ё омӯзиши забонҳои қадим ва мурда; омӯзиши забонҳои зинда - забоншиносӣ.