Франческо Мария Грималди

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Франческо Мария Грималди
итол. Francesco Maria Grimaldi
Таърихи таваллуд 2 апрел 1618(1618-04-02)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 декабр 1663(1663-12-28)[1][2] (45 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ физикдон ва ахтаршиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Giovanni Battista Riccioli[d][6] ва Giovanni Battista Riccioli[d][5]
Шогирдон Giovanni Domenico Cassini[d][5]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Франческо Мария Грималди (итол. Francesco Maria Grimaldi; 2 апрел 1618[1][2][3], Болоня[4]28 декабр 1663[1][2], Болоня[4]) — физикдон ва ахтаршиноси итолиёӣ, профессори риёзӣ дар коллеҷи иезуитӣ дар ш. Болоня. Дифраксияи рӯшноиро кашф намудааст (1656).

Тибқи ақидаи ӯ, дифраксияи рӯшноӣ бо зуҳури амвоҷи нур ҳангоми бархӯрд бо манбаъ (мабдаи назарияи мавҷии нур) зоҳир мегардад. Ҳамроҳ бо Ҷ. Б. Риччоли аввалин харитаи Моҳро тартиб дода, ташкилаҳои рӯйи онро номгузорӣ намуданд, ки то имрӯз мавриди истифода мебошанд. Аз аввалин олимонест, ки интиҳои суръати паҳншавии рӯшноиро тахмин карда буд. Яке аз танӯраҳои Моҳ ба номи ӯ гузошта шудааст. Муаллифи асари «Дар бораи нур, рангҳо ва рангинкамон» (1665).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]