Хунпешобӣ
МКБ-10 | N02., R31. |
---|---|
МКБ-9 | 599.7, 791.2 |
DiseasesDB | 19635 |
MedlinePlus | 003138 |
eMedicine | ped/951 |
MeSH | D006417 |
Хунпешобӣ, гематурия (лот. haematuria аз юн.-қад. αἷμα — «хун» ва οὖρον — «пешоб») — хунпешобие, ки сабаби он бемории гурдаҳо, роҳҳои пешоб ва ғайра аст.
Агар дар таркиби пешоб хунро бо чашм дидан мумкин бошад, пас онро макрогематурия меноманд; дар мавриди дар зери микроскоп ба мушоҳида расидани эритроситҳо сухан аз боби микрогематурия меравад. ҳематурия аломати бисёр бемориҳои роҳи пешоб аст, мас., омос ва сили гурдаҳо, пиелонефрит, бемории санги пешоб, систити хунрез, омоси пешобдон (масона) ва ғ. ҳематурия ҳамчунин метавонад нишонаи ихтилоли лахтабандии хун ҳангоми бемориҳои ҷигар, хун, зангила ва зиёд кардани вояи антикоагулянтҳо бошад. Бо мақсади дуруст ташхис кардани ҳематурия таҳлили сечандаи пешоб кумак мерасонад (пешоби беморро аз аввал, мобайн ва охир дар се истакон мегиранд). Дар истакони якум ба мушоҳида расидани пешоби хунолуд (макрогематурия) аломати осеби пешоброҳа аст (мас., зарбу лат хӯрдан, полип, саратон, сӯзок, сифилис ва ғайра). Мавҷуд будани хун фақат дар истакони охирин (ҳематурияи терминалӣ) аз иллати қисми ақиби пешоброҳа, гарданаи пешобдон (ниҳематурия Систит), ғадуди зермасона (ниҳематурия Простатит), ҳубобчаҳои манӣ далолат мекунад. Дар ҳар се истакон вуҷуд доштани хун (ҳематурияи тоталӣ) мумкин аст дар мавриди бемориҳои пешобдон, ҷомчаҳо ва паренхимаи гурда мушоҳида шавад.
Дар ҳар сурати ҳематурия маризро бетаъхир ба назди духтури уролог фиристодан лозим аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гематурия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.