Чарбудӯлма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чарбудӯлма навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Ба гӯшти қима пиёзу зира ҳамроҳ мекунанд. Баъд чарбуи гӯсфандро 10х10 сантиметрӣ бурида ба ҳар кадомаш як қошуқи қима андохта мепечонанд ва дар дег чида, аз болояш об мерезанду дар оташи паст 1 соат мепазанд. Таом, ки пухт, ба табақ кашида истеъмол мекунанд.

Барои чарбуи 100-150-граммӣ 400 г гӯшти камравған, 400 г пиёз, мувофиқи табъ намак, мурч ва адвиёт лозим аст.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]