Хирс (лот.Ursidae) — як навъ ҳайвони даррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти ҷонваршиносӣ хирс як оилаи ширхӯрҳост. Дарозиаш 1,5—3 м, вазнаш аз 60 то 700 кг.
7 намуди хирс (айнакдор, лабдароз, малайӣ, ҳимолой, малла, сафед ва барибал) маълум аст.
Хирсҳо пистондороне ҳастанд бо ҷуссаи бузург ва думи кӯтоҳе, ки дар миёни мӯҳои баландшона махфӣ аст. Саргард ва гарданашон кӯтоҳ ва ҳар кадом аз дастҳо ва поҳояшон дорои панҷ ангушт мебошад ва аз лиҳози ҳаракат кафи рӯ ҳастанд.