Ҳамилтон Александр Росскин Гибб
Таърихи таваллуд | 2 январ 1895[1][2][3] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 22 октябр 1971[1][2][3] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Шогирдон | Albert Hourani[d] |
Ҷоизаҳо |
Сэр Ҳамилтон Александр Росскин Гибб (англ. Gibb, Hamilton Alexander Rosskeen; 2 январи 1895, Искандария, Миср — 22 октябри 1971, Шипстон-он-Стор, Лондон) — ховаршиноси англис, арабшинос, исломшинос ва муаллим, профессор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи Эдинбургро соли 1918 хатм кардааст. Дар мадраса (коллеҷ)-и забонҳои шарқии Лондон низ таҳсил кардааст. Устоди забон, адабиёт, таърихи араб дар донишгоҳҳои Лондон (1930-37), Оксфорд (1937-55), Ҳарвард (1955-64), мудири Маркази омӯзиши Ховари Миёна дар Донишгоҳи Ҳарвард (аз соли 1965). Доир ба адабиёту тамаддун, таърихи ислом, андешаҳои сиёсӣ-динӣ дар ислом асарҳо навиштааст: «Футӯҳоти аъроб дар Осиёи Миёна» (1923), «Адабиёти араб» (1926), «Гироишҳои навин дар ислом» (1947), «Ҷомеаи исломӣ ва Ғарб: ҷомеаи исломӣ дар қарни XVIII» (1950—1957), «Тасаввури ҳукумат дар садри ислом» (1957) ва ғайра. «Таърихи Димишқ»-и Ибни Қалонисӣ (1932) ва «Сафарнома»-и Ибни Баттутаро ба англисӣ гардондааст (1958—1971).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- The Arab conquests in Central Asia. — L., 1923.
- Arabic literature. — L., 1926. В русском переводе: Арабская литература. — М., 1960.
- Mohammedanism. — N.-Y., 1955.
- Studies on the civilization of Islam. — L., 1962.
Тарҷумаҳо ба русӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гибб Г. Дамасские хроники крестоносцев = The Damascus Chronicle of the Crusades / Гамильтон Гибб; Пер. с англ. Е. Б. Межевитинова. — М.: Центрполиграф, 2009. — 256 с. — (Хроники военных сражений). — 3 000 экз. — ISBN 978-59524-4106-4.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гибб Ҳамилтон Роулинсон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Arabic and Islamic studies in honor of Hamilton A. R. Gibb. Ed. by G. Makdisi. Leiden, 1965.
- Батунский М. А. О некоторых тенденциях в современном Западном востоковедении. — В кн.: Религия и общественная мысль народов Востока. М., 1971.