Jump to content

Ҳелмут Балдерис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳелмут Балдерис
латишӣ: Helmuts Balderis
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус ҳокейи рӯи ях[d][1]
Бошгоҳ Minnesota North Stars[d] ва Dinamo Riga[d]
Зодрӯз 31 июл 1952(1952-07-31) (72 сол)
Зодгоҳ
Қад 180 сантиметр
Вазн 86 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳе́лмут Гунарович Ба́лдерис (латишӣ: Helmuts Balderis-Sildedzis; 31 июли 1952, Рига, ҶШС Латвия, ИҶШС) — варзишгар ва мураббии латвиягӣ (хоккей), Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1978).

Ҳуҷумку­нан­даи «Динамо»-и Рига (1969–77; 1980–85) ва «ЦСКА»-и Маскав (1977–80). Чемпиони ИҶШС (1978–80). Дар 462 дидори чемпионати шӯравӣ ба майдон баромада, 333 гол задааст. Барандаи Ҷоми ИҶШС (1977 ва 1979), чемпиони ҷаҳон ва Аврупо (1978, 1979, 1983), ноиб-чемпиони ҷа­ҳон (1976), барандаи медали биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон (1977)-у Аврупо (1976–77) ва соҳи­би медали нуқ­раи Бозиҳои олимпии зимистонӣ (1980). Муддате мураббии дастаи мунтахаби Латвия ва дастаи «Ойи Шейши»-и Ҷопон буд. Ҳоло – президенти ҶС «Қас­ри варзишии Рига».