Ҷорҷ Абраҳам Грирсон
англ. George Abraham Grierson | |
Таърихи таваллуд | 7 январ 1851[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 9 март 1941[4][2][5] (90 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | санскрит[d][6], Indian religions[d][6] ва Indian literature[d][6] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷорҷ Абраҳам Грирсон (англ. George Abraham Grierson; 7 январ 1851[1][2][3][…], Glenageary[d], Ленстер[d] — 9 март 1941[4][2][5], Camberley[d], Суррей) — забоншиноси инглис (ирландӣ), пажӯҳишгари забонҳои ҳиндӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди хатми коллеҷ дар ҳукумати Ҳиндустон ба кор пазируфта шуд. Аввал маъмури андоз ва сипас дар оҷонсии муходирот дар шащрҳои Бангола ва Биҳор кор мекард. Дар тӯли фаъолияти маъмуриаш, инчунин кор дар Ҷамъияти осиёии Калкутта ва Хадамоти забоншиносии Ҳинд ба омӯзиши забонҳои Ҳиндустон машғул шудааст. Натиҷаи кори ӯ дар ин бобат асари 19-ҷилдии (8 ҳазор саҳифа) «Маълумот дар бораи забонҳои Ҳиндустон» («Linguistic Survey of India») мебошад. Дар ин асар оид ба забонҳои эронии роиҷ дар Ҳиндустон (гӯишҳои форсӣ-тоҷикӣ низ) маълумот вуҷуд дорад. Дар бораи забонҳои бадахшонӣ Ҷорҷ Абраҳам Грирсон асари алоҳидае навиштааст («Забонҳои ишкошимӣ, зебокӣ ва язгуломӣ» — (Ishkashim, Zebaki and Yazlhuliami. An account of the Iranian dialects. — Publication Fund, vol. V. — London, 1920).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ 4.0 4.1 Грирсон Джордж Абрахам // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 Annuaire prosopographique : la France savante / зери таҳрири B. Delmas — 2009.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грирсон Ҷорҷ Абраҳам / А. Мирбобоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Большая советская энциклопедия. Т. 7. М., 1972.