Аспи орловӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Граф Алексей Орлов-Чесменский дар Свиреп (1796) 

ÁСПИ ОРЛОВӢ, яке аз маъмултарин зоти аспҳои резапо. Охири садаи XVIII дар заводи асппарварии Хренови Русия Граф А. Г. Орлов ба вуҷуд овардааст. Суми калон, ёлу думи ғафсу дароз дорад. Рангаш хинг (хингзевар, гули бодом), ҳамчунин адҳам-тӯруқ, абраш. Қадаш 165–175 см, даври қафаси синааш 210 см, даври банди пояш то 32 см; вазни зиндааш то 1500 кг. Барои иҷрои корҳои вазнин (дар хоҷагиҳои фермерӣ) истифода мебаранд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]