Абдуллоҷон Қурбонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҷон Қурбонов
Абдуллоҷон Рӯзимадович Қурбонов
Таърихи таваллуд 2 март 1990(1990-03-02) (34 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология,
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Абдуллоҷон Рӯзимадович Қурбонов (тав. 2.03.1990, ҷамоати деҳоти Понғоз, н. Ашти вилояти Суғд) — биологи тоҷик, номзади илмҳои биология (2017), дотсент (2020).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2012), омӯзгори фанни биологияи мактаби миёнаи раҚами 10-и шаҳри Душанбе (2010-2011), ассистент ва муаллими калони кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДДОТ (2013-2016) Рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Чатргулони Тоҷикистони Шимолӣ (Қаторкӯҳи Қурама, Муғул, водии Сирдарё)» ҳимоя намудааст. Солҳои 2017-2018 – мудири кафедраи анатомия ва физиологияи одам ва ҳайвоноти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2018 инҷониб ба ҳайси мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи ҳамин донишгоҳ кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ ва барномаву дастурҳо аз ҷумла, «Барномаи таълимӣ аз биология. Барои синфҳои 5-11» (2018); «Роҳнамои фанни ботаника синфи 6» (2018); «Зонтичние Северного Таджикистана» (2019) аст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ