Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович
Таърихи таваллуд 15 декабр 1967(1967-12-15) (56 сол)
Зодгоҳ деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор
Ҷоизаҳо

Ордени Шараф

Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович; тав. 15 декабри 1967, деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб) — рӯзноманигори саршиноси тоҷик. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқодир Талбаков 15 декабри соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро солҳои 1975—1985 дар мактаби миёнаи умумии № 19-и зодгоҳаш гирифтааст. Солҳои 1987—1989 дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1995 Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқодири Абдуқаҳҳор фаъолияташро аз Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, беш аз 10 сол дар онҷо кору фаъолият кардааст:

  • 1995—1998 — муҳаррири саридораи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон;
  • 1998—1999 — муҳаррири калони идораи иттилооти-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
  • 1999—2001 — муовини сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
  • 2001—2002 — сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
  • 2002—2002 — муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
  • 2002—2004 — шореҳи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
  • 2004—2005 — муҳаррири варзидаи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилооти-таҳлилӣ ва муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
  • 2006—2012 — директори Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2012—2014 — сарварии Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт»;
  • 2014—2015 — сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;
  • 2015—2023 — директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ[1][2][3].

Вакили Маҷлиси вакилони халиқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвати чорум мебошад. Дар таҳияи чандин филмҳо нақш дорад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2010 бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст.

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд: 2 духтар ва як писар аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. РАО/РО. Абдулқодири Абдуқаҳҳор раиси Китобхонаи Лоҳутӣ шуд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (19 май 2015). Проверено 6 марти 2023.
  2. Мӯъмин Аҳмадӣ. Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, аз мақомаш истеъфо дод(тоҷ.), Радиои Озодӣ (6 марти 2023). Проверено 6 марти 2023.
  3. Мазҳаб Ҷумъа. Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, истеъфояш ба таъсиси ҷамъияти “Зардуштиён” рабт надорад. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 марти 2023). 6 марти 2023 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]