Абудулафи Хазраҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абудулаф
ар. أبو دُلف الخزرجي
Таърихи таваллуд асри X[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт асри X, 1000[1][2] ё 839
Кишвар
Фазои илмӣ географ,сайёҳ

Абудулаф (Мисъор ибни Муҳалҳил ал-Хазраҷии Янбӯӣ ар. أبو دُلف الخزرجي‎; соли таваллуд ва вафот номаълум) — сайёҳ, географи араб.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар чоряки аввалли садаи X ба Бухоро омада, солҳои 914942 дар дарбори амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад хидмат кардааст. Абудулаф соли 942 бо ҳайати сафорати Хитой дар Бухоро ба саёҳати Туркистони Шарқӣ, Тибет, Хитой, Эрон ва Ҳиндустон мебарояд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои Абудулаф «Рисолат-ул-увло» («Рисолаи аввал») ва «Рисолат-ул-ухро» («Рисолаи охир») оид ба ҷуғрофияи таърихии кишварҳои Осиёи Миёна, Хитой, Эрон ва Ҳиндустон маълумоти муҳим медиҳанд. Дар мероси адабии мардумони Шарқ аз забони Абудулаф ҳикояву ривоят ва латифаҳои зиёде нақл мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]