Сомонӣ
| Сомонӣ Сомонӣ |
|
|---|---|
| ISO 4217: | TJS |
| Кишварҳо: | Тоҷикистон |
| Symbol: | |
Сомонӣ - номи воҳиди пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба ифтихори Исмоили Сомонӣ - бунёдгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён номгузорӣ шудааст.
Сомонӣ аз 30 октябри соли 2000 пули расмии Тоҷикистон эълом ва ҷойнишини рубли тоҷикӣ шуд[1]. Ҳар 1000 рубл баробар бо 1 сомонӣ қарор дода шуд. 1 Сомонӣ баробар ба 100 дирам мебошад.
Бар рӯи пулҳои сомонӣ чеҳраи бархе аз бузургони донишу фарҳангу кишвардории тоҷикон нақш баста аст. Барои намуна рӯи пули 100-сомонӣ чеҳраи Исмоили Сомонӣ, рӯи дигар пулҳо чеҳраи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ороста шуда аст.
Коди байналмиллалии сомонӣ TJS аст.
Мундариҷа |
[вироиш] Пулҳои Тоҷикистон
| Пулҳои Тоҷикистон | |
|---|---|
| 1 сомонӣ | |
| 5 сомонӣ | |
| 10 сомонӣ | |
| 20 сомонӣ | |
| 50 сомонӣ | |
| 100 сомонӣ | |
[вироиш] Пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ
Пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ сар аз [10 сентябр|10-уми сентябр] ба гардиш дароянд. Ҳадаф аз чунин иқдом таҳкими низоми пуливу молӣ дар Тоҷикистон унвон шудааст. Бино ба хабарҳо, дар се сомонӣ чеҳраи Шириншо Шотемур, дар 200 сомонӣ Нусратулло Махсум ва дар 500 сомонӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мунъакис шудааст. [2]
[вироиш] Пайнавиштҳо
- ↑ Бонки миллии Тоҷикистон
- ↑ http://www.ozodi.tj/content/article/2144126.html Пули 3, 200 ва 500 сомонӣ вориди муомила мешавад - Озодӣ 31.08.2010