Амстердам

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Амстердам

Амстердам — калонтарин шаҳр ва пойтахти подшоҳии Ҳолланд аз соли 1814 мебошад. Дар вилояти Ҳолланди Шимолӣ, дар ғарби кишвар, байни ду дарё, Амстел ва Эй ҷой гирифтааст. Амстердам ба воситаи канали Нордзе бо баҳри Шимолӣ пайваст шуда аст.

Номи шаҳр аз ду калима иборат аст: «Амстел» ва «дам». Амстел — номи дарё, ки худи шаҳр дар соҳили он қарор дорад ва калимаи «дам», ки маънояш сарбанд тарҷума мешавад. Дар асри XII ин шаҳр ҳамчун деҳаи хӯрди моҳигирон вуҷуд дошт ва дар вақти асрҳои Заррини Ҳоланд, Амстердам ба яке аз бандаргоҳҳои муттарақии ҷаҳон ва маркази бузурги савдо табдил ёфт.

1 январи соли 2012 аҳолии Амстердам 801 847 нафарро ташкил кард. Ҳамагӣ бо ҳавзаи шаҳрӣ (гирду атрофи шаҳр) — 2,3 миллион тан, умр ба сар мебаранд. Амстердам як қисми агломерацияи Рандстад ҳисоб мешавад, ки 6-ум дар Аврупо аз ҷиҳати бузургӣ (ҳаҷм ва сераҳолӣ) аст.

Сарчашма[вироиш]


Пойтахтҳои Аврупо
Амстердам | Андорра-ла-Веля | Афина | Белград | Белфаст | Берлин | Берн | Братислава | Брюссел | Будапешт | Бухарест | Вадутс | Валлетта | Варшава | Ватикан | Вена | Вилнюс | Дублин | Загреб | Киев | Кишинёв | Копенҳаген | Лиссабон | Лондон | Любляна | Люксембург | Мадрид | Минск | Монако | Москва | Осло | Париж | Подгоритса | Прага | Рейкявик | Рига | Рим | Сан-Марино | София | Скопе | Таллин | Тирана | Сараево | Стокҳолм | Ҳелсинки