Белград

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи



Белград
Beograd
Panorama Belgrad.jpg
Belgrade in Serbia and Europe.png
Кишвар: Сербия
Аҳолӣ: 1 136 000
Масоҳат: 359,92 км2 км²

БЕЛГРÁД,(серб. Бео́град, Beograd) шаҳр, пойтахти Сербия. Дар соҳили рости дарёи Дунай (назди резишгоҳи дарёи Сава) воқеъ аст. Аҳолиаш 1136 ҳазор нафар, бо аҳолии канори шаҳр (агломератсия) 1670000 нафар (2011). Зичии миёнаи аҳолӣ 506 нафар/км2. Масоҳаташ 359,92 км2. Маркази роҳи оҳан (аз Будапешт, Истамбул, Солоников), бандари дарёӣ, аэропорти байналмилалӣ (Сурчин) дорад. Иқлимаш муътадили континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ – феврал–0,60С + 3,10С, июл – 21,80С. Боришоти миёнаи солона–700 мм. Гармтарин моҳҳо – июл, август, хунуктарин – декабр, январ.

Таърих[вироиш]

Siege of Nándorfehérvár.jpg

Белград дар замони қадим маҳалли аҳолинишини келтҳо– Сингидунум буд. Онро дар асри 1 то милод римиҳо забт намуданд. Аз асри 6 тобеи Византия шуд. Шаҳр асри 9 номи сербии Белградро гирифт. Асрҳои 9–15 пайи ҳам ба тасарруфи Булғория, Византия, боз Булғория, венгерҳо ва сербҳо, соли 1521 ба дасти туркҳо гузашт. Пас аз шӯриши сербҳо (1806 ва 1815) шаҳр аз асорати туркҳо озод карда шуда, пойтахти князии (аз 1882 – шоҳии) Сербия гардид. Белградро се маротиба (1688–1690, 1717–1739, 1789–1791) австриягиҳо ишғол карданд. Аз 1 декабри 1918 пойтахти шоҳии сербҳо, хорватҳо ва словакҳо (аз 1929–Югославия). 13 апрели 1941 Белградро Олмони фашистӣ забт кард. 20 октябр 1944 онро Артиши Шӯравӣ ва Қувваҳои озодихоҳии Югославия озод карданд. Аз ноябри 1945 пойтахти РХФЮ (аз 1963 – РСФЮ). Аз соли 1992 пойтахти Ҷумҳурии Иттифоқии Югославия (аз соли 2003 Сербияи Черногорӣ), аз соли 2006 пойтахти Сербия.

Иқтисодиёт[вироиш]

Дар Белград ва атрофи он корхонаҳои мошинасозӣ (автомобил ва самолётсозӣ, мошинаҳои хоҷагии қишлоқ, электротехникӣ), саноати кимиё, бофандагӣ (асосан пашмина), чарму пойафзор, хӯрокворӣ (орд, консерваи гӯшт, қанд ва ғ.), табъу нашр, чӯбгарӣ ва ғайра мавҷуданд.
Дар Белград АИ (1886), Академияи низомӣ, боғи ботаникӣ (1887), осорхонаи миллӣ (1844) ҷой гирифтааст. Донишгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ, санъати тасвирӣ, санъати амалӣ, мардумшиносӣ, инчунин нигористон, боғи ҳайвонот дорад. 20 км ҷанубтар аз Белград дар кӯҳи Авала ба аскари номаълум ёдгорие гузошта шудааст. Дар соҳили чапи дарёи Сова маҳалҳои нав (Белгради Нав) бунёд мегардад.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2


Пойтахтҳои Аврупо
Амстердам | Андорра-ла-Веля | Афина | Белград | Белфаст | Берлин | Берн | Братислава | Брюссел | Будапешт | Бухарест | Вадутс | Валлетта | Варшава | Ватикан | Вена | Вилнюс | Дублин | Загреб | Киев | Кишинёв | Копенҳаген | Лиссабон | Лондон | Любляна | Люксембург | Мадрид | Минск | Монако | Москва | Осло | Париж | Подгоритса | Прага | Рейкявик | Рига | Рим | Сан-Марино | София | Скопе | Таллин | Тирана | Сараево | Стокҳолм | Ҳелсинки