Ансамбли меъмории Ҳисор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ансамбли меъмории Ҳисор — силсилаи ёдгориҳои меъмории асрҳои 16 — 18-и Ҳисор, ки дар 25 км ҷанубии шаҳри Душанбе дар мавзеи Қалъаи Ҳисор бино ёфтаанд. Ансамбл бо мурури замон валангор гардида, қисман боқӣ мондааст. Иморатҳо гирдогирди майдон, ки аз ҷануб шарқии Дарвозаи Қалъа сар мешавад, ҷой гирифтаанд. Имрӯз аз ансамбл фақат Дарвозаи Қалъа, Масҷиди Кӯҳна, Масҷиди Нав, Мақбараи Махдуми Аъзам ва Масҷиди Сангин боқӣ мондаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]