Аҳмадшоҳи Масъуд
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-fa-af" does not exist. | |
28 апрели 1992 — 27 сентябри 1996 | |
Пешгузашта | Муҳаммад Аслам Ватанҷор |
Ҷонишин | Убайдуллоҳ Охунд |
|
|
Таваллуд |
2 сентябр 1953 |
Даргузашт |
9 сентябр 2001[1] (48 сол) |
Фарзандон | Аҳмад Масъуд |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Фаъолият | сиёсат[2], military affairs[d][2] ва ислом[2] |
Эътиқод | ислом[3] |
Ҷоизаҳо | |
Хидмати сарбозӣ | |
Мансубият | Афғонистон |
Рутба |
Фармондеҳи муҷоҳидин, Вазири мудофиаи Афғонистон |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳмадшоҳи Масъуд (ба дарӣ: احمد شاه مسعود ; 2 сентябри 1953 — 9 сентябри 2001) — сиёсатмадор, фармондеҳи низомӣ ва вазири дифоъи Афғонистон (1992—1996). Қаҳрамони миллии Афғонистон (2002). Миллаташ тоҷик. Машҳур бо лақаби Шери Панҷшер (ба дарӣ: شیر پنجشیر). Масъуд — тахаллусаш, ки дар забони арабӣ маънои «Хушбахт»-ро дорад ва онро соли 1975 дар вақти аввалин шӯриш дар водии Панҷшер — якумин баромади силоҳии опозитсионии исломӣ дар Афғонистон гирифта буд[4][5].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар деҳаи тоҷикнишини Ҷангалаки вилояти Панҷшер, воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул дар оилаи полковники полис Шоҳӣ Дӯст Муҳаммадхон таваллуд шудааст. Дар дабистони Истиқлол сабақ омӯхтааст. Соли 1970 — дар синни 17-солагӣ Аҳмадшоҳ ба худ тахаллуси Масъудро («хушбахт») гирифт. Дар соли 1973 ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Кобул дохил шуд (факултаи сохтмон ва архитектурӣ), вале баъд аз ислоҳоти Шоҳ Довуд (1973) ба вилояти Пешовари Покистон муҳоҷир шуд. Дар онҷо бо мухолифини исломӣ, ки Бурҳонуддин Раббонӣ сарварӣ мекард, ҳамроҳ шуд.
Соли 1975 дар шӯриши бебарори Панҷшерӣ бар зидди диктатураи Довуд иштирок намуд. Ахмадшоҳ бо захми пой дар майдони ҷуворимакка пинҳон шуд, вале аскарон ҳангоми ҷустуҷӯ ӯро наёфтанд.
Иштирокдори ҷанги 1979—1989 дар Афғонистон. Бар зидди ӯ лашкарони Иттиҳоди Шӯравӣ 9 маротибаамалиётҳои ҷангӣ гузарониданд, аммо ягон маротиба муваффақ нашуданд. Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 1988 духтари ёрдамчии наздики худро ба занӣ гирифт. Соҳиби 6 фарзанд шуд, ки 5-то духтар ва яке писар аст (номаш Аҳмад)
Ӯ ягона сарлашкари муҷоҳидин мебошад, ки дар соли 1982 бо сипоҳиёни Иттиҳоди Шӯравӣ созишномаи сулҳ бастааст.
Бо ҳамроҳи Раббонӣ ба Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон сарварӣ кардааст. Дар аввалҳои соли 1990 барои сохтани давлати алоҳидаи зиддипаштунӣ бо сарварии тоҷикон дар Шимолии Афғонистон баромад кардааст. Орзуе дошт, ки давлати мустақили тоҷиконро аз сарҳади ҳозираи Ҷумҳурии Исломии Эрон то Самарқанду Бухоро таъсис диҳад.
Баъд аз хуруҷи аскарони шуравӣ аз хоки Афғонистон дар соли 1989, дар Шимолу Шарқии Афғонистон давлати алоҳидае бо номи Масъудистон ташкил кард (маҳалҳои Парвон, Таҳор, Бағлон, Бадахшон ва ғайра)
Масъуд 9 сентябри соли 2001 дар вақти интервю тарконда шуд (террористони худкуш худро рӯзноманигор хонда, дар камера ҷисми таркандаро пинҳон кардаанд). Бо маълумотҳои дигар, 15 сентябри соли 2001 Масъуд аз захм дар чархболе, ки ба беморхонаи Кулоб мебоист ӯро барои муолиҷа меовард фавтидааст.[6] Яъне дар охир бо даромадани Алянси Шимолӣ ва оператсияи зиддитеррористии ИМА ва ҳокимияти толибон дар Афғонистон ба охир расид. Вуҷудияти «Масъудистон» бошад аз байн рафт. Пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд, танзим ва истиҳкоми гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар мубориза алайҳи Толибон ба як чолиши аслӣ барои Қасими Фаҳим табдил шуд, аммо ба дунболи фурӯпошии гурӯҳи Толибон ва баргузории иҷлосияи Бонн, Қасими Фаҳим ба унвони муъовини аввали давлати муваққат ва вазири дифоъи Афғонистон таъйин шуд.
Шахсият
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо дӯстонаш Аҳмадшоҳи Масъуд суҳбати хуб дошт, лек наметавонист аз фикр барорад беиззатии онҳоро бар худ, дар суҳбати ҷамъияти сода ва кушод буд, лек дар гирди мардумон ҳаракат мекард кам намоен бошад, бо душманонаш хуб рафтор мекард, хабсафтодагонро намекушид, лек ҳеч вақт фурӯшгардидагонро намебахшид. Сабри олӣ дошт, барои он бисёр насиҳатҳои тарбиявӣ медод, мегуфт, агар ягон воқеае шавад ва шуморо аз худ барорад, ҳаракат карда худро ором намоед ва ба худ гуед: «ман сабр карда метавонам ва карданам лозим», бо чунин тарз ба сабру тоқати хеш сардори карда метавонед, ӯ мегуфт. Ҷасур буд ва ҷасуронро, болаеқатмандонро дӯст медошт. Ба ҳама сабақ омӯхтанро насиҳат мекард, олимон ва дӯстдорони илмро гуш карданро дӯст медошт, ва аз саволу чавоб монда намешуд. Шахси фикрандеш буд, ҳеч гоҳ ягон кореро сар намекард то ҳамон замоне, ки ба худ боварии мустаҳкам пайдо накунад. Шахси эътиборнок буд, ҳеч чизро аз пеши назар нагузаронида намемонд, одамони воҳимагиру ба хар гуна чиз боваркунандагонро дӯст намедошт ва ҳангоми бо онҳо суҳбат рондан онҳоро ба ҳолати ноқулай мемонд. Ӯ лаеқати ба худ ҷалб кардани хамсуҳбаташро дошт ва дар кадоме ҷамъомад набошад арзи ҳастии ӯро ҳис карда мешуд, дар чунин тарз бо ӯ бедушворӣ ва бехиҷолат ҳамсуҳбатӣ карда мешуд. Дар вақти ҳамсуҳбатӣ додситониро дӯст намедошт, тарбияро арзиш мекард, дар ҷамъомадҳо ҳамеша одобу ахлоқро нигаҳ медошт, ки ин хислатҳо ба назар меафтоданд. Китоб хонданро бисер дӯст медошт, ҳамеша бо худ китоб дошт, бисёри вақт саллаашро, соаташро ва дигар чизҳояшро аз фикраш мебаровард, лек китобашро ҳеч гаҳ аз ед намебаровард. Варзишро дӯст медошт, ва камина варзишгар буд, бо бокс, таеквондо, футбол, волейбол, шиноварӣ машғули дошт. Гарчанде, ки шиновариро бисёр дӯст медошт, вале дар назди шахсони бегона шарм медошт либосашро кашад, вақте, ки шарм медошт, нохоҳона механдид ва дар пешониаш рахҳои хобида пайдо мешуданд. Дар забони дарӣ (тоҷикӣ), пашту ва франтсавӣ озод гап мезад. Хурок хӯрданро дӯст медошт, лек кам мехӯрд. Аз таомхо шӯрбо ва шашликро дӯст медошт ва аз меваҳо ҳамаашро мехӯрд, аммо асосан себ ва нокро бисёр дӯст медошт. Чойи кабуд менӯшид, вай чои кабудро чойи мардона мегуфт, ғайр аз он нӯшидани ширчойро бисёр дӯст медошт(аз чойи сиеҳ, шир ва намак, базан ба вай чумоқ ва гелосро ҳамроҳ мекунанд тайёр карда мешавад ва дар маҳалҳои Шимолии Афғонистон машҳур аст).
Акси берунӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Либосҳои сафедро пушидан писанд медонист, хусусан бо рахҳои кабуд е сафеди тира, ҳамавақт тоза, дар куҷо набошад ҳама вақт ба тозагӣ аҳамияти калон медод. Акси берунӣ: қаду басти миена, мӯи сиёҳи каме баланд, қушбинӣ, рӯи хароб, пӯсти сафед, Тани бардам бе равған. Бародари хурдии Аҳмадшоҳ — Аҳмадзиё Масъуд (рӯзи таваллуд 1 майи 1956), дар тӯли солҳои 2002—2004 сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Русия буд, аз соли 2004 сарвазири аввалини Ҳукумати Афғонистон.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷолиби мутолиа
[вироиш | вироиши манбаъ]- Террори аср.Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд? (ҚИСМИ 6). Иборат аз 6 қисм. Нигаред ба суроғаи зер(тоҷ.). rushnoi.org. 16 сентябри 2019 санҷида шуд.
Филмҳо дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд
[вироиш | вироиши манбаъ]- Документальный фильм о Масуде, 6:38
- Ахмад Шах Масуд Бойгонӣ шудааст 23 августи 2006 сол.
- Шестой лев Пандшера Бойгонӣ шудааст 6 июни 2009 сол.
- Афганистан после Масуда Бойгонӣ шудааст 5 октябри 2006 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ (not translated to mul), (not translated to mul), (not translated to mul) YouTube(бис.) — 2005.
- ↑ Сведения на военного лидера партии «Исламское Общество Афганистана» Ахмад Шаха
- ↑ Халед Хоссейни. И эхо летит по горам. — М.: Фантом Пресс, 2013. — 480 с. — ISBN 978-5-86471-672-4.
- ↑ Пизишкони тоҷик: "Масъуд пеш аз расидан ба Тоҷикистон фавтида буд" (ВИДЕО)(тоҷ.). www.ozodi.org. 16 сентябри 2019 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Искандаров Қ. Афғонистон дар ибтидои қарни XXI. Д., 2010.
- أحمدشاه مسعود. شهید راه صلح و آزادی. جلد ۱. کابل، ۲۰۰۳
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи с нераспознанным языком (ref)
- Зодагони 2 сентябр
- Зодагони соли 1953
- Зодагони Афғонистон
- Даргузаштагони 9 сентябр
- Даргузаштагони соли 2001
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Исмоили Сомонӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Шахсиятҳо:Афғонистон
- Сиёсатмадорони Афғонистон