Jump to content

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимоамалкунанда ва касбӣ ва вакилони он дар давоми 5 сол бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ машгуланд.

Дар таърихи 28 феврали соли 2010 дар асоси меъёрҳои бисёрҳизбӣ ва бисёрномзадӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид, ки аз миёни номзадҳои сершумор 63 нафари онҳо ба мақоми вакилии Маҷлиси намояндагон сазовор шуданд.[1]

Интихоботи соли 2010

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 феврали соли 2010 намояндагони панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон вориди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Дар ин интихобот аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 44 намоянда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 2 намоянда, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 2 намоянда, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 2 намоянда ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 2 намоянда соҳиби курсиҳои Маҷлиси намояндагон шуданд.

Ваколатҳои вакил

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад. Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ. Вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад. Вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахси қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ҳал карда мешавад. Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани он аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии ҷумҳурӣ, парокандашавии Маҷлиси намояндагон ва вафоти он қатъ мегардад. Вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатномаи вакил ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси намояндагон дорад, ки аз онҳо дар давоми муҳлати ваколатҳояш истифода мекунад. Маоши вазифавии вакили Маҷлиси намояндагонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.[1]

Вакилони МН даъвати чорум

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум:

  1. Зуҳуров Шукурҷон
  2. Маҳмудов Насрулло Раҳматович
  3. Миралиев Амиршо
  4. Сироҷов Шарофиддин
  5. Ғаффорова Назира
  6. Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич
  7. Шабозов Мирганд
  8. Гулов Сафаралӣ
  9. Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич
  10. Талбаков Исмоил Иброҳимович
  11. Азимов Амирқул
  12. Садриддинов Бадриддин Талбакович
  13. Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович
  14. Кенчаева Мунаввара
  15. Саиди Ёқубзод
  16. Сафаров Зайниддин
  17. Салимзода Олим
  18. Хидирова Махфират Умаровна
  19. Ҳисориев Маҳмадамин Исматович
  20. Хайринисо Юсуфӣ
  21. Самадова Махсуда Абдуғафуровна
  22. Хонов Абдураҳмон
  23. Фелалиев Акрамшо Саидшоевич
  24. Катаев Амир Ҳабибович
  25. Кабиров Муҳиддин Тиллоевич
  26. Давлатзода Давлаталӣ
  27. Оқилов Нурулло Иноятович
  28. Имомов Азизмат Холматович
  29. Каримов Маҳмадраҳим
  30. Давлатов Убайдулло Абдуллоевич
  31. Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович
  32. Холов Саттор
  33. Низом Қосим пури Ҷаҳонгир
  34. Расулов Ашурбек
  35. Махмадалиев Амирбек
  36. Сафаров Олимҷон
  37. Муқумова Сабоҳат Аминовна
  38. Сафаров Амирхон
  39. Турдиматова Нoдира Мирзоалиевна
  40. Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович
  41. Назриев Мусаябшо
  42. Қурбонов Бег Холович
  43. Шабдолов Шоди Давлатович
  44. Рабиева Галия Рабиевна
  45. Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович
  46. Салимов Абдуҷалол
  47. Самадов Шакарбек Додхоевич
  48. Шарипов Суҳроб
  49. Латипов Рустам Баротович
  50. Амиршоева Саодат
  51. Саъдуллоев Ҳабибулло Найимович
  52. Зиёратшо Саъдулло
  53. Ҳисайнов Умаралӣ Фаттоҳович
  54. Самадов Турахон
  55. Cаидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич
  56. Исматуллоев Дилшод
  57. Ҷонов Назрулло
  58. Нозимов Маҳмадшариф
  59. Иномов Абдузафар
  60. Гиёев Сайфулло Неъматович
  61. Авзалшоева Бибидавлат
  62. Қароқулов Амир Бӯриевич (вафот кардааст)
  63. Баракатулло Атохоҷа[2]