Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/11

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Фирдавсӣ номи пурра Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсӣ Тӯсӣ (форсӣ: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی‎; зодаи 935 — даргузашта 1020 ё 1026 дар Тус, Хуросон, Эрон) – сухансарои номии Эронзамин ва сарояндаи «Шоҳнома» – ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигӯй аст. Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.

Зодсоли Фирдавсӣ дар 940 м. аз онҷо дарёфта шудааст, ки дар яке аз сурудаҳои Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд. Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт. Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст. бештар...