Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/9

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хонаи бахт дар Кӯлоб

Кӯлоб (форсӣ: کولاب‎) - аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб мешавад. Далели мӯътамади таърихӣ будани онро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат медиҳад. Дар солҳои 1993-94 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мири Кабир хумдонеро пайдо карданд, ки ба асрҳои ҳафт шаши пеш аз мелод мансуб буд. Хумдони мазкур яке аз далелҳои таърихи 2700 солаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов соли 2001-ум шурӯъ шуда то кунун идома дорад. Дар акнофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд, ки панҷтои он дар ҳудуди хумдонҳои мақбараи Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5-2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад. Шаҳри Кӯлоб бо таьрихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохта аст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои IX-VII - пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд. Кӯлоб аз шахрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистони имрӯзи, таърихи рангину кадима дорад. Дар замонҳои пешин он ҷузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталл, Хуталлон) ба ҳисоб мерафт.(бештар...)