Jump to content

Дамир Дӯстмуҳаммадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дамир Дӯстмуҳаммадов
Дамир Воҳидович Дӯстмуҳаммадов
Дамир Воҳидович Дӯстмуҳаммадов
Дамир Воҳидович Дӯстмуҳаммадов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 6 август 1941(1941-08-06)
Зодгоҳ Тошканд ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 2003(2003)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша(ҳо) композитор, омӯзгор

Дамир Воҳидович Дӯстмуҳаммадов (Тав.6 августи 1941, Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон — 2003, Душанбе, Тоҷикистон) — оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати санъати ҶТ (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дамир Дӯстмуҳаммадов ҳанӯз дар синфи 4-ум ба ҳайси рубобнавоз дар Қирғизистон дар слёти пионерон иштирок намудааст. Соли 1959, пас аз итмоми мактаби миёна бо медали тило, Д. Дӯстмуҳаммадов бо тавсияи композиторон М. Цветаев ва Ю. Тер-Осипов ба шуъбаи назариявӣ-композитории Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе дохил мегардад. Дар омӯзишгоҳ Д. Дӯстмуҳаммадов таҳсилро дар синфи композитор Ёқуб Сабзанов, аз курси дуюм-назди композитор Ю. Тер-Осипов оғоз менамояд. Дере нагузашта Д. Дӯстмуҳаммадов нахустин сурудҳо — «Кабӯтари сафеди ман» ба шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ (Лайло Шарипова иҷро намуд), «Мавҷи гул» ба шеъри Меҳмон Бахтӣ (Аҳмад Бобоқулов иҷро кард) ва "Хаёли ширин"ба шеъри Меҳмон Бахтӣ (Шоиста Муллоҷонова сароид) навишт ва онҳо зуд машҳур гардиданд. Ҳамчун кори дипломӣ ӯ достони симфонии «Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард. Дипломи аъло, баъди хатми Омӯзишгоҳ барои Д.Дӯстмуҳаммадов дарҳои Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковскиӣро боз намуд. Дар он ҷо, солҳои 1965—1970, дар шуъбаи композиторӣ дар синфи Вл. Г.Фере таълим мегирад. Аз байни асарҳое, ки овони таҳсил дар Москва эҷод шудаанд, метавон Квартети торӣ, Триои полифонӣ, Консерт барои виолочел ва оркестри симфониро номбар кард. Симфонияи дуюм, оркестри симфонии консерватория таҳти роҳбарии Вл. Федосеев иҷро намуд ва операи «Лаънаткардаи халқ», ки дар клавир пианинонавоз Лариса Астрахансева иҷро карда буд, асарҳои дипломӣ гардиданд. Дӯстмуҳаммадов аъзо ва раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (солҳои 1992-1998) буд.

Дар эҷодиёти ӯ операи "Лаънаткардаи халқ," либреттои М. Фарҳат (1973), «Қишлоқи тилоӣ», либреттои М.Миршакар ва Н. Исломов (1981), «Сарбози халқ,» либреттои С. Улуғзода (1984), якумин операи бачагонаи тоҷик "Хонаи Заргушбибӣ,"якумин кантатаи бачагона «Мактаби азиз» (шеъри Наримон Бақозада) дохил мешавад. Номи ин инсони аҷиб, композитори боистеъдод, ки барои мусиқии тоҷик ин қадар корҳои бузургро анҷом додааст, абадан дар қалби мардуми мо боқӣ хоҳад монд. Асарҳо барои театри мусиқӣ:

  • 1971-«Модар нигарон буд.» Драмаи мусиқи. Пйесаи Ф. Ансорӣ.
  • 1973- «Лаънаткардаи халқ.» Опера. Либреттои М.Фарҳат аз рӯи повести ҳамноми Т. Усмон.
  • 1978-«Хонаи Заргӯшбибӣ,» Опера бачагона. Либреттои Н.Бақозода.
  • 1979-«Суруди Бахтиёр.» Драмаи мусиқӣ. Пйесаи Н.Исломов.
  • 1980- «Суруди нотамом». Драмаи мусиқӣ.
  • 1981-«Қишлоқи тилоӣ». Опера. Либреттои М. Миршакар, Н.Исломов.
  • 1982-«Вохӯрӣ». Опера. Либреттои М. Фарҳат, Т. Валаматзода, М. Беҳбудӣ.
  • 1984-«Сарбозони халқ». Опера. Либреттои С. Улуғзода.
  • 1985-«Гули сиёҳ». Драмаи мусиқӣ.
  • 1993-«Дугонаҳо». Оперетта. Либреттои А. Сидқӣ.
  • 1999-«Биё, Барфӣ Бобо». Опера барои бачаҳо. Либреттои Н.Бақозода.

Асарҳои вокалӣ-симфонӣ ва хорӣ:

  • 1967-«Модар». Достони вокалӣ-симфонӣ, шеърӣ Э. Мирзо,А. Шукӯҳӣ, Г.Сулаймонова.
  • 1968-«Абадзинда». Достони вокалӣ-симфонӣ, шеъри М.Фарҳат.
  • 1974-«Модар-Замин». Достони вокалӣ-симфонӣ. Шеъри Ф.Ансорӣ.
  • 1981-«Иди Наврӯз». Сюита иборат аз 4 қисм барои хори а, capella, шеърӣ А. Бобоҷон.
  • 1982-«Бахт.» Кантата, шеъри Гулназар.
  • 1986-«Ҳафтранг.» Сюитаи идона барои сароянда, хор ва созҳои халқӣ. Шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1987-"Гуларӯсон-"сюитаи тӯёна иборат аз 3 қисм барои сарояндагон ва хори a, capella, шеъри халқ.
  • 1987-"Ленин ҳамеша зинда аст."Кантата. Шеъри М.Турсунзода, М.Миршакар.
  • 1987-«Бахт ва шараф.» Кантата. Шеъри А.Сидқӣ.
  • 1987-«Дуруд аз Зарафшон.» Хор. Шеъри С.Султон.
  • 198"Мактаби маҳбуб."Кантата. Шеъри Н. Бақозода.
  • 1994-"Нишони Оли Сомон, "барои хор. Шеъри Гулназар.
  • 1994-"Фарзанди ин миллат манам, "барои хор. Шеъри Лоиқ.
  • 1994-"Чу Фирдавсӣ биистед, "барои хор. Шеъри Лоиқ.
  • 1996-«Суруди Анҷумани тоҷикони ҷаҳон»(гимн). Барои хор ва оркестри симфонӣ. Шеъри Гулназар.
  • 1999-"Чароғи Сомон."Хор. Шеъри Лоиқ.
  • 1999-«Бародарӣ.» Асари хорӣ. Шеъри Лоиқ.
  • 2000-«Ахтарон.» Сюита. Шеъри С.Айюбӣ.
  • 2001-« Ҷашни истиқлол.» Шеъри Гулназар.
  • Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011.