Зарина Диноршоева
Зарина Мусоевна Диноршоева | |
| |
Таърихи таваллуд | 24 сентябр 1968 (56 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Маъруф ба |
|
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013), ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2001). |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зарина Мусоевна Диноршоева (24 сентябри соли 1968, шаҳри Душанбе), шарқшинос-файласуф, доктори илмҳои фалсафа (2005), дотсент (2005). Дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2001). Аълочии маорифи ҶТ (2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зарина Диноршоева 24 сентябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фарзанди академик Мусо Диноршоев.
- 1990 - Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст,
- 1990—1999 — ходими хурди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон,
- 1999—2010 — омӯзгор, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон,
- Аз соли 2010 – мудир ва профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон [1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Риштаи тадқиқоти Зарина Диноршоева масъалаҳои гуногуни таърихи фалсафа, таърихи дин, таърихи афкори ҷамъиятиву сиёсии файласуфони мусулмони асримиёнагӣ ва гендерро фаро мегирад. Ӯ иштирокдори Конфронси байналхалқии "Фарҳанги маънавии тоҷикон дар таърихи тамаддуни ҷахонӣ", бахшида ба 2700-солагии Абуалӣ ибни Сино (2002), "Абуалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ" (2005) мебошад. Зарина Диноршоева муаллифи ду монография ва зиёда аз 35 кори илмӣ ва илмиву методӣ аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мухаммад аль-Газали и его отношение к философии. - Душанбе, 2002;
- Курс лекций по истории религий: Учебное пособие. - Душанбе, 2004;
- Гражданская философия аль-Фараби. - Душанбе, 2006;
- Абу Хамид Мухаммад аль-Газали и его «Опровержение философов»//Газали М. Опровержение философов (в соавт.). - Душанбе, 2008;
- Курс лекций по философии: Учебное пособие. - Душанбе,2010.[2]
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2001);
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013).
Адабиёт доир ба Зарина Диноршоева
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
- Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011. - 386 стр. 21 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 октябри 2017.
- ↑ Состав Кафедры. Абдусамад Ҳасанович Самиев. 20 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Январ 2017.