Заркамар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳаи Заркамар
Боғи деҳа
Боғи деҳа
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Мискинобод
Таъсис соли 1925
Аҳолӣ 4623 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 540

Заркамардеҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод соли 1925 обод шудааст.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ, 16 мағоза, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, 4 чойхонаи ҷамъиятӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]

Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз деҳа то маркази ноҳияи Файзобод 29км.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолиаш 4623 нафар (2010), тоҷикон. Аз 540 хоҷагӣ иборат аст.

Маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳаи Заркамар
Деҳаи Заркамар
Куҳ дар деҳаи Заркамар
Куҳ дар деҳаи Заркамар

Соли 2011 дар деҳаи Заркамар мактаби боҳашамати дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 1240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ин мактаб дар зарфи ду сол бо харҷи беш аз 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд сохта ва бо асбобу ашё ва таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Қисми зиёди ин маблағ қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд, боқӣ саҳми ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Мактаб дорои 20 синфхона, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои кимиё, биология, физика, ду синфи компютерӣ, ду синфи махсуси лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва синфҳои ҳунаромӯзӣ барои духтарон ва писарон мебошад. Синфҳои ҳунаромӯзӣ дорои таҷхизоти зарурии дӯзандагӣ, пӯхтани таому шириниҳо, коркарди чӯбу тахта, оҳан, мис ва дигар ҳунарҳои сохтмонӣ мебошад. Синфҳои компютерӣ дорои 68 компютер аст.
Инчунин мактаб дорои ошхонаи барҳаво барои хонандагону омӯзгорон, толори маҷлисӣ бо 134 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо шароити хуби машқу тамрин барои якчанд намуди варзиш ва 90 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.