Ислом Абдусаломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ислом Абдусаломов
Абдусаломов Ислом Абдураҳмонович
Таърихи таваллуд 13 феврал 1929(1929-02-13)
Зодгоҳ ноҳияи Самарқанд, ҶШС Узбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 7 апрел 2014(2014-04-07) (85 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ордени Шараф
медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва “Ветерани меҳнат”

Ислом Абдусаломов (13 феврали 1929, маҳаллаи Тайлоқи ноҳияи Самарқанд — 7 апрели 2014[1]) — зоолог, эколог, зоогеограф (паррандашинос), доктори илмҳои биология (1972) академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997). Ходими хизматнишододаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996), директори фахрии ИЗИП ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз с. 2005) буд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом Абдусаломов 13 феврали соли 1929 дар маҳаллаи Тайлоқи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети биологияву хокшиноси Универститети давлатии Ӯзбекистон (ҳоло — Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навои)ғро бо баҳои аъло хатм кардааст (1950). Ходими илмӣ ва аспиранти назди ИЗИП ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1950—1958). Дар мавзӯи «Очерки экологӣ-фаунавии паррандаҳои Помир» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (1958). Мудири шуъбаи экология (1959—1962), ҷонишини директор (1963—1967), директори ИЗИП ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1967—1972; 1984—1992), раиси Президиуми Ҷамъияти ҷумҳуриявии ҳифзи табиати Тоҷикистон (1977—1981).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1972 дар мавзӯи «Биология ва хусусиятҳои ба тарзи амудӣ ҷойгиршавии паррандагони Тоҷикистон» рисолаи доктори ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 360 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 5 китоби илмию оммавӣ, аз ҷумла

  • Фаунаи Тоҷикистон.- Душанбе,1972,
  • Муҳоҷирати паррандагон дар Осиё. — Душанбе, 1982,
  • Олами ҳайвоноти Тоҷикистон. — Душанбе,1991.
  • Китоби Сурхи Тоҷикистон. — Душанбе,1997,(ба заб тоҷ. ва русӣ), ҳаммуаллиф.

Асарҳояш асосан ба мавзӯъҳои паррандашиносӣ, тернология, герпетология, масъалаҳои ҳифзи табиат ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Муҳарири масъул ва яке аз муаллифони «Китоби Сурхи Тоҷикистон» (Душанбе,1997, ба заб. тоҷ; Душанбе,1988, ба заб. русӣ).

Фаъолияти илмию ҷамъиятӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ибтикори ӯ соли 2000 дар Помир [[мамнӯъгоҳи “Зоркӯл"]] таъсис шудааст, ки дар он хелҳои ҳайвоноти нодир ва маҳвшаванда, аз ҷумла ғози кӯҳӣ ё ҳиндӣ сукунат доранд. Инчунин бо саъю кӯшиши ӯ дар шимоли Тоҷикистон «Парваришгоҳи Сирдарё» таъсис ёфт, ки дар он мурғони обию ботлоқӣ ва соҳилмақом таҳти ҳимоя гирифта шудаанд. Роҳбари илмии 2 рисолаи доктори илм ва 16 номзади илми биология аст. Сарвари ҷамъияти ғайриҳукуматии «Шӯрои ҷамъиятии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бо ордени «Шараф» дараҷаи 1,
  • Медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Ветерани меҳнат»,
  • «Нишони Фахрӣ»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энсиклопедияи советии тоҷик.Ҷилди 1. — Душанбе, 1978, — с. 22
  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с.17-18,
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.