Исмоил Бобиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исмоил Бобиев
Таърихи таваллуд 1 январ 1973(1973-01-01) (51 сол)
Зодгоҳ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ[d] (2022)
Роҳбари илмӣ Дӯстмурод Уроқов

Исмоил Бобиев (Бобиев Исмоил Атоевич; зод. 1 январи 1973, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор, иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2022), дотсент[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Исмоил Бобиев 1 январи соли 1973 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст[2]. Соли 1995 факултети баҳисобгирии иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчдон хатм намудааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1995 — 99 ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ҳамин донишгоҳ буд. Солҳои 1999—2003 дар шӯъбаи аспирантураи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Аз соли 2007 муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии донишгоҳи номбурда мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2022 дар мавзӯъи «Ташаккули баҳисобгирӣ ва ҳисоботи сегментӣ дар ширкатҳои саноати энергетика (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст[3]. Исмоил Бобиев муаллифи беш аз 20 мақолаи илмӣ дар бахши иқтисодиёт ва 8 дастури таълимию методӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар ва мутахассисони соҳаи иқтисодиёт мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]