Карим Девона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карим Девона
форсӣ: کریم دیوانه
Таърихи таваллуд: 1878
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1918
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, кишоварз, бофанда

Карим Девона (форсӣ: کریم دیوانه‎, номи аслиаш Абдулкарим Қурбон; 1878, Ҷурак, — 1918) — шоири мардумии тоҷик[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Карим Девона соли 1878[2] дар деҳаи Ҷураки Ҳисор ба дунё омадааст. Ба деҳқонӣ ва бофандагӣ машғул буд. Бо мардуми фозили замонаш Абдуррасули Қубодиёнӣ, Толиби Афсонагӯй, Муллобобо, Муллоҳомид ва Муллоҷӯраи Ҳисорӣ, бо гурӯҳи бофандагони Қаратоғ, аз ҷумла Тағоймуроди Танбӯрӣ мутахаллис ба Хиҷил, Мирзонуъмони Мафтун рафту омад дошта, аз суҳбатҳои адабии онҳо баҳравар гаштааст.

Ба шаҳрҳои Деҳнав, Тирмиз, Шаҳрисабз, Самарқанд, Бухоро, Қуқанд борҳо сафар карда, бо равшанфикрони замонаш тарҳи дӯстӣ афкандааст. Аз тарафи ҳокимони давр борҳо таъқиб шуда, соли 1910 барои ашъори зиддизамонавиаш ба зиндон уфтод ва мири Ҳисор ҳукми қатли ӯро эълом кард. Аммо зилзилаи Қаратоғ ба иҷрои ҳукм қонеъ шуд: мир онро ғазаби худо пиндошта шоирро аз ҳабс озод кард. Шоир худро ба «девонагӣ» зада, ҳукуматдорони замонашро рӯирост танқид карда ва мардумро ба таври худҷӯш бошад ҳам, ба мубориза даъват менамуд:

Ман наям «Девона», номамро Карим бинҳодаанд,
Лек аз дасти замона мекунам девонагӣ.
Эй фақирон, як шавед бо ҳамдигар билиттифоқ,
Чӯбу санг оред бар фарқи сари миру иноқ.

Ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Карим Девона аз адабиёти классикӣ таъсири зиёде бардошта, эҷодиёти вай дар байни фолклор ва адабиёти хаттӣ меистад. Ӯ бештар шахсони алоҳида, ҳоким, миршаб, қозӣ, амини бозор ва ҳатто деҳқонони камбағалро, ки ба мансабдорон хушомад мезаданд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад (шеърҳои «Ба шоҳ», «Надорам», «Магар гуноҳ аст?», «Мезананд девонаро», «Дар вафоти Абдулмаҷид», «Баҳс бо Муҳаммадалибои Ашқар», «Шӯриён бозор шуд», «Тӯйи калон дар Ҷуррак» ва ғайраҳо.).

Карим Девона гоҳ аз фалак менолад (шеърҳои «Эй фалак», «Фалаки ситамгар», «Нолаи модар», «Ранги заъфарон») ва гоҳе дарун-дарун сӯхта, ғусса хӯрда, шикоят пеши кассе намебарад (шеърҳои «Надорам», «Магар гуноҳ аст?»). Вале дар ашъори давраи охираш ба муқобили шоҳу сохти амирӣ овози хешро баландтар кардааст (шеърҳои «Ба шоҳ», «Инсон ғулом намешавад», «Шӯриши Ҳисор» ва ғайра). Бедории фикрии Карим Девона ба туфайли суҳбатҳо бо равшанфикрон ва маорифпарварони давраш, саёҳатҳои ӯ ба шаҳрҳои гуногун пайдо шудааст.

Карим Девона ба забони узбакӣ низ шеърҳо дорад.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ соли 1918 дар деҳаи Ҷурраки Ҳисор аз олам гузаштааст.

Некдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1988 ба ифтихори 110-солагии шоир дар ноҳияи Хуросон «Осорхонаи Карим-Девона» ифтитоҳ шуда, ҳамон сол бо ташаббуси масъулини ҳукумат ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Шӯриён пайкараи шоир гузошта шуд. Инчунин, соли 1998 ба муносибати 120-солагии шоир пайкараи ӯ аз деҳаи Шӯриён ба маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, назди Китобхонаи марказии ноҳия оварда, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба номи Карим-Девона номгузорӣ шуд. Яке аз деҳаҳои шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор низ номи Карим-Девонаро дорад[3].

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Карим Девона / Ҳ. Назаров // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).
  • Назаров, Ҳ. Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона. — Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958. — 206 с.
  • Назаров, Ҳ. Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона: Нашри дуюм. — Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1961. — 198 с.
  • Назаров, Ҳ. Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона. — Сталинобод: Ирфон, 1968. — 218 с.
  • Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Валлай, шудӣ ормонӣ. — Душанбе: Ирфон, 2014. — 119 с. — ISBN 978-99975-0-083-0
  • Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагон. — Душанбе: Ирфон, 2015. — 95 с. — ISBN 978-99975-0-097-7

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ФЭБ: Карим-Девона // Краткая литературная энциклопедия. Т. 3. — 1966. feb-web.ru. 20 Декабри 2022 санҷида шуд.
  2. Тошмуҳаммад САФАРАЛИЕВ. Зодгоҳи Карим Девона куҷост?(тоҷ.). Садои мардум (4 Декабри 2018). 20 Декабри 2022 санҷида шуд.
  3. Муҳаммад ЗОКИР. Ифтитоҳи гулгашт ва пардабардорӣ аз пайкараи Карим – Девона(тоҷ.). Садои мардум (3 июни 2021). 20 Декабри 2022 санҷида шуд.