Ҳасан Юсуфи Файзбахш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳасан Юсуфи Файзбахш
Ҳасан Юсупов
Таърихи таваллуд: 2 ноябр 1951(1951-11-02) (72 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Авзикент, ноҳияи Ҳисор
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Ҷоизаи Лоҳутӣ (2015)
ҷоизаи «Сеҳри сухан»
ҷоизаи «Ватанро бишнос»

Ҳасан Юсуфи Файзбахш (Ҳасан Юсупов; зод. 2 ноябри 1951, деҳаи Авзикент, ноҳияи Ҳисор) — рӯзноманигор, нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик. Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон (1995).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳасан Юсуфи Файзбахш 2 ноябри соли 1951 дар деҳаи Авзикенти ноҳияи Ҳисор ба дунё омадаааст. Хатмкардаи мактаби № 28-и деҳаи Гачак, омӯзишгоҳи фарҳангу маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон мебошад.

Нависандагӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Саҳми Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар ҷамъоварӣ, омӯзиш ва тарғиби рӯзгори ибратбахшу осори пурғановати шоири мардумӣ Карим Девона хеле бузург аст. Мавсуф бо мақолаҳои «Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагони ман», «Валлай, шудӣ армонӣ» ё «Аз пайи як шеъре, ки дар он таърих нуҳуфта» (мусаввада), «Эътирофи хатои худ мардонагист», «Басо ҷамъи парешон монд аз худ…» рағбат ва дилбастагии худро ба шеъри дилнавозу давронсози Карим-Девона баён сохтааст. Баъдан ҳасан Юсуф ду мақолаи аввалро такмил дода, бо номҳои «Валлай, шудӣ ормонӣ», «Карим-Девона, ман ва хамдеҳагон» дар шакли рисолаҳои хурд ба нашр расонид[1].

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳасан Юсуфи Файзбахш муаллифи зиёда аз 500 қиссаю ҳикоя, очерку публитсистика, асарҳои саҳнавӣ, мақолаҳои гуногунжанр, 19 китоби таърихӣ, илмӣ-оммавӣ, адабӣ-бадеӣ мебошад. Асарҳояш ба забонҳои узбакӣ, русӣ ва хатти форсӣ нашр шудаанд. Чандин асараш рӯи саҳнаи театрҳо баромада, аз рӯи чанд асари дигараш садою симо гуфтору намоишҳо таълиф намудаанд[2].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015[3], ҷоизаҳои «Сеҳри сухан» ва «Ватанро бишнос» мебошад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Валлай, шудӣ ормонӣ. — Душанбе: Ирфон, 2014. — 119 с. — ISBN 978-99975-0-083-0
  • Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагон. — Душанбе: Ирфон, 2015. — 95 с. — ISBN 978-99975-0-097-7

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳасани Муродиён. Ҳамдиёри пуркору номбардори шоири мардумӣ Карим-Девона. bgu-vestniki.tj. Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, 1/2 (37) (2016). 4 апрели 2023 санҷида шуд.
  2. Ҳасан Юсуфи Файзбахш. «Завқе ба дил надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?». Фараж (1 ноябри 2021). 4 апрели 2023 санҷида шуд.
  3. Неъмат Салимзода. Ҷоизаи Лоҳутӣ ба кормандони ВАО (17 октябри 2016). 4 апрели 2023 санҷида шуд.