Jump to content

Куруши Бузург

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Куруши кабир)
Куруши Бузург
порсии бостон: 𐎤𐎢𐎽𐎢𐏁
559 то м. — 530 то м.
Пешгузашта Камбуҷияи I
Ҷонишин Камбуҷияи II
559 то м. — 530 то м.
Пешгузашта Камбуҷияи I
Ҷонишин Камбуҷияи II

Таваллуд тақрибан 600 то м.
Даргузашт 530 то м.
Мадфан
Дудмон Ҳахоманишиён
Падар Камбуҷияи I
Модар Мондонои Модӣ
Ҳамсар Cassandane[d], Омитис ва Neithiyti[d]
Фарзандон Камбуҷияи II, Бардиё, Ҳутусо, Roxane[d] ва Артистуна
Эътиқод mazdaism[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Куруши Бузург (форсӣ: کوروش بزرگ‎), Куруши Кабир, Куруши II, Куруш (порсии бостон: 𐎤𐎢𐎽𐎢𐏁 — Kuruš (ku-u-ru-u-š), юн.-қад. Κῦρος, лот. Cyrus; тақрибан 600 то м., Аншон[d], Порс530 то м., Сирдарё[1]) — бунёнгузор ва нахустин шоҳи Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ (559—530 то м.).

Куруш дар устувонааш, худро «фарзанди Камбуҷия, шоҳи бузурги Аншон, набераи Куруш, шоҳи бузурги Аншон, набераи Чишпиш, шоҳи бузурги Аншон, аз хонаводае, ки ҳамеша подшоҳ будааст», муаррифӣ мекунад. Ба гуфтаи Ҳеродот, Куруш насаби шоҳона доштааст ва ба ҷуз Ктезиёс, дигар нависандагони юнонӣ, Мондоно, духтари Иштувегуро модари Куруш донистаанд ва гузориш додаанд, ки Куруш ҳосили издивоҷ Камбуҷияи I ва Мондоно будааст. Бархе аз муаррихони имрӯзӣ ин ривоятро муътабар медонанд, аммо бархеи дигар эътиқод доранд, ки ривоҷи ин ривоят решаҳои сиёсӣ доштааст ва ҳадафаш ин буда, ки аз бунёнгузори Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, марде нимамодӣ бисозад то модҳоро бо фармонравоии Порсҳо оштӣ диҳад ва усулан робитае байни Мондоно духтари Иштувегу ва Куруш қоил нестанд ва онро афсона медонанд. Ҳеродот дар мавриди дастёбии Куруш ба қудрат, чаҳор достон нақл мекунад, вале фақат яке аз онҳоро муътабар медонад. Тибқи назари Ксенофон аз садаи V то садаи IV пеш аз мелод, силсиладостонҳои мутафовите дар бораи Куруш нақл мешудааст.

Куруши Кабир аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид. Аммо барои ба ин мартаба расидан ӯ саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди зиёде кард ва монеаҳои бисёреро аз сари роҳи худ бартараф намуд. Куруш аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш ба мустаҳкам кардани ҳокимияти марказӣ ва пурқувват кардани артиши худ шурӯъ кард. Вақте ки ӯ мустаҳкам будани ҳокимият ва пурқувват шудани лашкари худро эҳсос кард, соли 553-и то мелод бар зидди шоҳи Мод Ихтивируа (Астиаг) исён бардошта, бинобар бекифоягӣ ва заъфи қудрати ӯ қиём намуд ва аз итоати ӯ амалан баромад. Астиаг барои танбеҳ додани ин сарвари тобеаш ду маротиба ба Порс лашкар фиристод, аммо ҳар ду дафъа ҳам ба нокомӣ дучор шуд. Баъди ин Куруш ботантана ба пойтахти Мод — шаҳри Ҳангматана дохил шуд ва ӯро расман подшоҳи Порс ва Мод эълон карданд. Манбаъҳои таърихӣ дар бораи чӣ тавр сарзамини Модро ишғол кардани Куруш ба ҷуз се муҳорибае, ки байни онҳо сурат гирифтааст, иттилои дигаре надодаанд. Ба ҳар ҳол, якбора подшоҳи ин ду кишвар эълон шудани Куруш ҳам нуфузу эътибори ӯро баланд бардошт ва ҳам мавқеи сиёсии ӯро мустаҳкам намуд. Дар он замон Порс барои давлати Мод аҳамияти хос дошта бошад ҳам, дар минтақа чун як вилояти мутеъ шинохта мешуд. Аммо Мод калонтарин ва пурқувваттарин давлати минтақа буд ва эътибори ҷаҳонӣ дошт. Агар ривояти Ҳеродот воқеӣ бошад, Куруш набераи Астиаг буд. Аз ин рӯ, дар симои ӯ на ғосиби ҳокимият, балки вориси қонунии подшоҳони Модро медиданд. Акнун бояд тамоми кишварҳои тобеи давлати давлати Мод бечуну чаро ба Куруш итоат мекарданд. Дар амал ҳамин тавр ҳам шуд. Воқеияти таърихӣ тасдиқ менамояд, ки Куруши Кабир баъди бар зидди шоҳи Мод — Астиаг қиём намудан ва ӯро мағлуб сохтан ба устувор намудани иқтидори давлати Форс кӯшида, тақрибан солҳои 547-546-и то мелод пай дар пай аввал Парфия, Гиркания, Лидия ва давлатҳои юнонии Осиёи Хурдро забт мекунад. Сипас барои беҳтар намудани марзҳои шимолу шарқии қаламрави Форс, тақрибан солҳои 545-540-и то мелод, яъне дар давоми бештар аз панҷ сол ба ҳудудҳои Марғиён, Хоразм, Суғд ва Бохтар, инчунин сарзамини скифҳо (сакоиҳои резишгоҳи рӯди Омӯ ва канораҳои Сир) лашкар мекашад. Нақшаҳои ҳарбии Куруш бо гирифтани сарзамини модҳо хотима наёфтааст. Баъди Мод Куруш давлати Эломиҳоро, ки дар ҷанг бо Ошур заиф шуда буд, ба тасарруфи худ дароварда, пойтахти худро аз Аншон (Эншон) ба Шум интиқол дод.

Ҷанги зидди Лидия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тафсилоти ба даст овардани сарзамини Лидияро муҳаққиқон тасвир намуда, аз ҷумла қайд кардаанд, ки яке аз рақибони ҷиддии Куруш дар ғарб Лидия буд. Дар Лидия юнониёни муҳоҷир ва аҳолии маҳаллӣ — хетиҳо ва лувайҳиҳо аҳлона зиндагӣ мекарданд. Он баъди Мод, Бобул ва Миср чорумин давлати пуриқтидори минтақа буд. Лидия роҳҳои тиҷоратиеро, ки аз Байнаннаҳрайн ва Эрони Ғарбӣ ба воситаи Осиёи Хурд ба баҳри Эгей ва Юнону Аврупо мебурданд, зери назорати худ дошт. Барои ба баҳри Эгей баромадан ва бойигарии Осиёи Хурдро ба даст даровардан ҳанӯз шоҳи давлати Мод Фравартиш қисмати шарқии Осиёи Хурдро ишғол карда, панҷ сол бо Лидия ҷангид, аммо онро ишғол карда натавонист. Дар бораи давлати Ҳахоманишиён бо Лидия Ҳеродот муфассал ахбор додааст. Ташаббускори ин чанг шоҳи Лидия Крез буд. Баъди давлати Модро ишғол кардани форсҳо ӯ хатарро эҳсос карда, ба ҷанг тайёрӣ дид ва бо Миср иттифоқ баст. Соли 547-и то мелод Крез бо лашкараш ба Каппадокия, ки баъди модҳо ба форсҳо итоат мекард, зада даромад ва дар назди шаҳри Синопа лашкаргоҳи худро сохт. Куруш низ бо лашкари худ ба ин ҷо омад. Куруш ҳанӯз дар ҳамин ҷанги нахустини хориҷиаш сиёсатмадори дурандешу нуктасанҷ ва одил будани худро нишон дод. Ӯ қосид фиристода, ба Крез пешниҳод кард, ки агар бе ҷанг таслим шавад, ӯро шоҳи Лидия таъйин мекунад. Ӯ ба ҳамаи шаҳр-давлатҳои юнонии Осиёи Хурд низ ваъда дод, ки агар таслим шаванд, озодиҳо ва имтиёзҳои онҳоро нигоҳ медорад. Аммо ҳам Крез, ки ба қувваи худ боварии калон дошт ва ҳам шаҳрҳо пешниҳоди ӯро рад карданд. Танҳо шаҳри Милет дурандешӣ зоҳир карда, ин даъватро қабул кард. Баъди ин дар назди дарёи Галис задухӯрди хунин ба амал омад, аммо ғалаба насиби ҳеч кадом аз тарафҳо нашуд. Крез ба пойтахти худ шаҳри Сард баргашт, то ки барои муҳорибаи оянда хубтар тайёрӣ бинад. Ӯ аз иттифоқчиаш Спарта хоҳиш кард, ки дар баҳор, яъне тақрибан баъди панҷ моҳ барои ёрӣ лашкар фиристад. Ба шоҳи Бобул Набонид барои бастани иттифоқи ҳарбӣ муроҷиат кард ва ҷанговарони зархариди юнониро, ки дар лашкараш буданд, то баҳор ба хонаҳояшон ҷавоб дод. Дар ин миён Куруш, ғайричашмдошти Крез, фурсати баамаломадаро ғанимат шуморида, лашкари худро аз нав мураттаб намуд ва масофаи тӯлониро босуръат тай карда, ба шаҳри Сард расид. Крез маҷбур шуд лашкари худро барои муҳориба ба дашти назди шаҳр барорад. Дар задухӯрди баамаломада лидиягиҳо шикаст хӯрда, ба шаҳр қафо нишастанд. Баъди 14 рӯзи муҳосира лашкари форсҳо шаҳри Сардро ишғол кард.[3]

Ин ҳодиса дар байни моҳҳои октябр — декабри соли 547-и то мелод рух дод. Иттифоқчиёни Лидия фурсат наёфтанд, ки ба ёрӣ биёянд. Куруш олиҳимматӣ зоҳир карда, Крези ба асирӣ афтодаро афв кард. Ӯ Табала ном форсро ҳокими Лидия таъйин карда, дар шаҳри Сард дастаи ҷанговарони форсро ҷойгир намуд ва худаш ба Ҳангматана баргашт. Баъди рафтани ӯ лидиягиҳо шӯриш бардоштанд, аммо лашкари форсҳо бо сардории Мазар омада, шӯришро пахш карда, шаҳрҳои дигари Осиёи Хурдро низ ишғол намуд. Баъди Мазар Гарпаги мод ҳокими Лидия таъйин шуд ва шаҳрҳои боқимондаи юнониёни Осиёи Хурдро тасарруф намуд. Ин ҳамон Гарпаге буд, ки дар ишғол кардани Мод ба Куруш ёрӣ дода буд. Тавре ки мебинем, Куруш ба шахсони содиқ ва лаёқатманд мансабҳои баланди давлатиро медод ва дар аксар маврид онҳо вазифаҳои ба дӯшашон гузоштаро уҳдабароёна ва бо масъулияти том иҷро мекарданд.[4]

Дар бораи Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ишғол кардани Куруш муаррихони Юнони қадим ва сарчашмаҳои дигар маълумоти хеле ночиз ва пароканда додаанд. Тамоми олимоне, ки дар бораи Ҳахоманишиҳо асар навиштаанд, ин маълумотро истифода бурдаанд. Ҳеродот навиштааст, ки баъди Лидияро ишғол кардани Куруш дар сари роҳи ӯ «бобулиҳо, бохтариҳо, сакоиҳо ва мисриҳо меистоданд». Ба қавли Ктесий, дар ҷанг бо бохтариҳо Куруш гоҳе муваффақ мешуд ва гоҳе ноком. Бохтариҳо танҳо баъди фаҳмидани он, ки Куруш писари шоҳи Мод Астиаг будааст, аз муқобилат даст кашида, ба ӯ тобеъ шуданд. Аз ин ахбор бармеояд, ки Куруш тавонист бо роҳи гуфтушунид бохтариҳоро ба бас кардани ҷанг моил созад. Ктесий ҳамчунин дар бораи сарзамини сакоиҳои хаумаваргаро ишғол кардани Куруш хабар додааст. Ба фикри бархе аз олимон, инҳо сакоиҳое буданд, ки дар он тарафи Сирдарё зиндагӣ мекарданд.[5]

Муаррихи юнонӣ Плиний навиштааст, ки «Куруш шаҳри Каписаро вайрон кард» ва ин шаҳр дар шимоли Кобул ҷойгир буд. Арриан бошад, аз ҳуҷуми Куруш «ба сарзамини ҳиндуҳо» ёдовар шудааст. Сабаби чунин ахбори кӯтоҳ додани муаррихони зикршудаи юнонӣ дар бораи ҷангҳои Куруш дар Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аниқ маълум нест. Шояд танҳо дар бораи ин кишварҳои дурдасти шарқӣ маълумоти кофӣ надоштанд. Дар робита ба ин масъала як ахбори Ҳеродот ҷолиби диққат аст. Ӯ таъкид кардааст, ки танҳо дар бораи ҷангҳои ба форсҳо душвориҳои зиёд оварда нақл мекунад. Дар асоси ин ахбор мо метавонем хулоса барорем, ки аксарияти кишварҳои Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бе ҷанг ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил шуданд. Эҳтимол баъди он ки нерумандтарин давлати ин минтақа Бохтар ихтиёран ба итоати Куруш даромад, Суғд, Хоразм ва дигар кишварҳо низ ба он пайравӣ карданд. Дар бораи лашкаркашиҳои Куруш ба марзҳои Осиёи Марказӣ сухан ронда, як ахбори хеле ҷолиби Ктесийро ёдовар шудан ба маврид аст. Ктесий меорад, ки ҷанговарони бохтарӣ ба муқобили Куруш азми қавии ҷангидан ва ҳифз намудани сарзамини худро доштанд. Вале Куруш ба пешвои ҷанговарони бохтарӣ худро ҳамчун ҷонишин ва валиаҳди шоҳи Мод — Астиаг шинос намуда, онҳоро водор намуд, ки мартабаи подшоҳии ӯро бишиносанд ва аз сари ҷангу хунрезиҳо бигзаранд. Дар натиҷа бохтариён ба суханони ӯ эътимод баста, яроқҳояшонро фурӯ гузоштанд ва ихтиёран бо Куруш созиш бастанд. Воқеан, мувофиқи ахбори Ҳеродот баъди марги подшоҳи Мод Киаксар тоҷу тахт ба писари ӯ Астиаг мемонад. Астиаг қариб 35 сол подшоҳӣ намуда, аз дасти набераи худаш Куруши Кабир, ки фарзанди Мандана ном духтари Астиаг ва Камбуҷия ном ҳокими Парсумаш (номи собиқаи вилояти Форс) буд, аз тахти шоҳӣ бенасиб мегардад. Куруши Кабир соли 550-и то милод худро ба ҷой бобояш Астиаг расман подшоҳи Мод эълон мекунад.[6][7] Азбаски дар он рӯзгор муносибати давлати Мод бо Бохтар хеле хуб буд (дар ин бора Ктесий низ хабар додааст), аҷаб нест, ки дар ибтидои кор бохтариён бо Куруши Кабир наҷангида, ӯро ҳамчун вориси шоҳи Мод шинохта бошанд. Новобаста ба он, ки ҷараён ва ҷузъиёти Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказиро гирифтани Куруш маълум нест, як чиз мусаллам аст — тамоми ин минтақа ҳанӯз дар давраи ӯ ба ҳайати империяи Ҳахоманишиён дохил карда шуда буд. Дар ин бора катибаи порсии Доро (Дориюш) дар кӯҳи Беҳсутун равшану возеҳ шаҳодат медиҳад. Дар он дар байни кишварҳои тобеи форсҳо — Марғинон (Марв), Арея (Ҳирот), Бохтар, Хоразм, Суғд ва баъзеи дигар номбар шудаанд. Масъалаи дигари баҳснок кадом сол ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кардани Куруш мебошад. Муаррихони қадим соли дақиқи рух додани ин ҳодисаро нишон надодаанд. Онҳо дар ин бора маълумоти гуногун ва бо ҳам муқобил дода, се вақтро номбар кардаанд: 1) баъди Модро ишғол кардани Бобул, яъне байни солҳои 539-530-и то мелод. Муҳаққиқони муосир низ ба се гурӯҳ тақсим шуда, яке аз ин санаҳоро дастгирӣ мекунанд. Масалан, яке аз олимони маъруфи ин соҳа М. А. Дандамаев ҷонибдори таърихи дуюм буда, ин ҳодисаро байни солҳои 545 — 539-и мелод медонад.[8]

Ҷанги зидди Бобул

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутаассифона, ягон далели қотее вуҷуд надорад, то ба мо имконият диҳад, ки ба яке аз санаҳои зикршуда бартарӣ диҳем. Бо вуҷуди ин, ба назар чунин мерасад, ки ин ҳодиса бояд то ҳуҷуми Куруш ба Бобул (соли 539-и то мелод) рух дода бошад. Ба ақидаи олимони муосир, дар байни муаррихони Юнони қадим ахбори Ҳеродот аз ҳама боэътимодтар мебошад. Аз рӯйи маълумоти ӯ, ин ҳодиса баъди Лидияро ишғол кардани Куруш руҳ додааст. Ба қавли Ҳеродот вақте ки Гарпаг шаҳрҳои Осиёи Хурдро забт мекард, Куруш тамоми кишварҳои Осиёро пайи ҳам ишғол намуда, танҳо баъди ин ба Бобул ҳуҷум кард. Шояд як сабаби ихтилофи назари муаррихони Юнони қадим дар ин масъала аз он иборат бошад, ки баъзе кишварҳои Эрони Шарқӣ ба мисли Гиркания ва Порт то забти Мод ва бевосита баъди ин ҳодиса ихтиёран ба Куруш тобеъ шуданд. Агар баъзе мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ ба онҳо пайравӣ карда бошанд, аҷабе нест. Яъне ин ҳодиса ҳанӯз пеш аз забти Лидия сар шуда, эҳтимол якчанд марҳаларо дар бар мегирифт. Аз гуфтаҳои Ҳеродот ва дигар муаррихони қадим як чиз то андозае аён мегардад: дар ин минтақа ҷангҳои калон рух надода буданд ва аз ҷониби дигар, ин муаррихон дар бораи ҳодисаҳои дар ин минтақаи дурдасти шарқӣ бавуқӯъпайваста маълумоти дақиқ надоштанд. Баъди ишғол кардани Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар сари роҳи Куруш барои ҳукмрони чаконӣ мутамаддини давр шудан Бобул меистод. Он тараққикардатарин мамлакати минтақа, маркази маданият ва тиҷорат буд. Ишғол кардани ин давлат барои Порсҳо ҳам аҳамияти сиёсӣ-ҳарбӣ ва ҳам иқтисодӣ-фарҳангӣ дошт. Дар арафаи ҳуҷуми Куруш вазъияти дохилии Бобул ба манфиати шоҳи он Набонид набуд. Тоҷирон, ки дар Бобул нуфузи калон доштанд, барои ба дасти Порсҳо афтидани роҳҳои савдои Осиёи Хурд, рӯҳониёни мазҳаби бонуфузи худои Мардук барои таъқиб шуданашон, яҳудиёни асир ва тобеъ барои маҷбурӣ ба ин ҷо муҳоҷир гардиданашон аз Набонид норозӣ буданд. Куруш аз вазъияти дохилии Бобул огоҳ буд ва кӯшиш мекард аз он барои тасарруфи ин кишвар ҳаддалимкон истифода бурда, иқдомҳои муайяни сиёсӣ-дипломатиро ба кор барад. Аммо вазъияти баамаломада маънои онро надошт, ки тақдири Бобул аллакай пеш аз ҳуҷуми Куруш ҳал шуда бошад. Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳама гуна муноқиша нақши ҳалкунандаро иқтидори ҳарбии тарафҳои муқобил мебозад. Куруш ин ҳақиқатро хуб медонист.[9] Аз ҳамин сабаб ӯ барои ба Бобул ҳуҷум кардан хуб тайёрӣ дид. Лидия, Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ишғол карда, ақибгоҳи худро мустаҳкам намуд ва неруи ин кишварҳоро барои пурқувват кардани лашкари худ истифода бурд. Баҳори соли 539-и то мелод лашкари Куруш ба хоки марзи Бобул дохил шуд. Ӯ ҳангоми лашкаркашию кишваркушоиҳо ба сӯйи Бобули овозадору мағлубнопазир аз деворҳои устувор ва истеҳкоми ҳарбии муъҷизаосои ин шаҳр басо андеша дошт. Мувофиқи маълумоти Ҳеродот, шаҳри мураббаъасосро девору бурҷҳои мудофиавии бузурге иҳота мекард, ки давродаври он чаҳорсаду ҳаштод стадий (тақрибан 80 км) меомад. Деворҳои муҳташами Бобул панҷоҳ оринҷ паҳноӣ ва дусад оринҷ баландӣ доштанд.(Оринҷ — ченаки дарозӣ, ки тақрибан ба 0,4 метр баробар аст.) Ва аз болои ин деворҳои паҳни бо манораҳои дидбонӣ иҳоташуда ду аробаи чораспа бемалол рафтуо мекард. Дар давродаври шаҳр сад дарвозаи ғафси мисин устувор буд, ки онҳоро бо зарби даҳҳо манҷаниқ рахна задан имкон надошт. Вале ин деворҳои устувору дарвозаҳои бузурги рахнанопазир дар назди азму иродаи кишваркушоиҳои Куруши Кабир ва макри сарлашкари ӯ Гобрия дер напойид. Дар ҳоле, ки Валтасар — писари шоҳи Бобул Набонид аз устувории деворҳои шаҳр хотирҷамъона машғули айшу ишрат ва майнӯшӣ буд, дарвозаҳои Бобулро ҷосусони зархарид (ба қавле коҳинони ибодатхонаи Эсағил) ба рӯйи лашкари Куруш кушодаанд. Дар тӯли чанд соат саросари шаҳр ва қасри бошукӯҳи шоҳаншоҳ забт гардид ва ҳомии шаҳр Валтасари сархушро басо осон ғофилгир намуданд.[10] Муҳорибаи ҳалкунанда моҳи августи ҳамон сол дар назди шаҳри Описа дар соҳили Даҷла ба амал омад. Ба лашкари Бобул писари шоҳ Набонид Белшарусур сарварӣ мекард. Дар муҳорибаи баамаломада форсҳо лашкари бобулиҳоро шикаст дода, пурра ғалаба карданд. 10-уми октябри ҳамон сол Гобрия бе ҷанг шаҳри Сиппар ва баъди ду рӯз Бобулро ишғол кард. 29-уми октябр Куруши Кабир ботантана вориди Бобул шуд. Набонид асир афтод, аммо Куруш ӯро ҷазо надода, афв кард. Вале писари ӯ Белшарусур ба қатл расонида шуд. Тавре ки мебинем, Куруш дар ҳолатҳои зарурӣ нисбат ба душманони оштинопазир қатъият ва устуворӣ зоҳир мекард. Баъди Бобулро гирифтан Куруш як қатор амалҳои сиёсӣ-дипломатиро иҷро кард, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти Порсҳо дар Бобул равона шуда буданд. Ӯ маъбади асосии Бобул Эсагиларо барқарор намуда, ба худои Мардук қурбонӣ кард ва ҳуқуқу имтиёзҳои рӯҳониёни ин худоро аз нав ба онҳо баргардонд. Ӯ эъломия интишор карда, ба ҳамаи халқҳо ҳуқуқ ва озодӣ дод, яҳудиёнро иҷозат дод ба ватани худ ва ё ба ҳар куҷое, ки хоҳанд, рафта зиндагӣ кунанд. Подшоҳии Бобул ва сохти маъмурӣ-идоравии онро тағйир надод. Ин ва дигар чорабиниҳои Куруш аз ҷониби сокинони Бобул хуш пазируфта шуда, мавқеи ӯро дар минтақа мустаҳкам намуданд.[10]

Баъди Бобулро гирифтани Куруш Финикия ва Фаластин ихтиёрӣ ба итоати ӯ даромаданд. Акнун дар дасти Куруш Бобул ва тамоми Шарқи Баҳримиёназамин буд. Навбат ба ягона давлати тавонои минтақа — Миср буд, ки форсҳо онро забт накарда буданд. Ҳамаи муҳаққиқон комилан дуруст таъкид кардаанд, ки Куруш, бешубҳа, ният дошт ба Миср ҳамла намояд. Аммо бар хилофи чашмдошти ҳамзамонони Куруш ва олимони муосир ӯ ин корро ба таъхир гузошт. Нотинҷиҳои сарҳади қисми шимолу шарқии давлати Форс ва пай дар пай тохтутоз намудани қабилаи массагетҳо, ки аз итоати Куруш берун буданд, ӯро водор мекард, ки қасди лашкаркашиашро мавқуф гузорад. Аз ин рӯ, Куруши Кабир ба Миср, ки рақиби ягонааш буд, ҳуҷум накард ва ба ҷойи худ писараш Камбуҷияро ба тахти шоҳии Бобул нишонда, тобистони соли 530-и то милод дубора роҳи сарзамини Осиёи Марказиро пеш гирифт. Ӯ бо фавҷи сипоҳиёни бешумор, ки аз ҳар қавму миллат гирд омада буданд, ҳадафи пойдор намудани сарҳад ва шикастани урдуи массагетҳоро дошт. Ба назар чунин мерасад, ки агар массагетҳо ба бехатарии қисмати шимолу шарқии империя ҷиддӣ таҳдид намекарданд, Куруш чунин роҳи дурударозро тай карда, бар зидди онҳо ба ҷанг намерафт. Дар ҳар сурат ӯ ин корро кард ва дар бораи ин ҳуҷум Ҳеродот ва дигар муаррихони Юнони қадим маълумот додаанд. Ривояти Ҳеродотро дар бораи ин ҷанг бисёр муҳаққиқони муосир дар мақолаву китобҳои худ овардаанд ва гумон мекунам ҳоҷат ба такрори он нест. Таърихшиносони муосир дуруст қайд кардаанд, ки дар нақли Ҳеродот воқеият бо ҷомаи хаёлот ва бадеият оро дода шудааст.[11]

Футуҳоти Куруш дар Осиёи Миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз фатҳи Лидия (547—546 п.м.), кишвари Бобулро (Вавилон — заб. лотинӣ), забт намудааст. Аввалин Эъломияи Ҳуқуқи Башарро Куруши Кабир соли 539 п.м. баъди ишғол намудани Бобул эълон кардааст.(Устувонаи Куруш). Метавон тахмин кард, ки ба Куруши II фатҳи Порт, Бохтар, Хоразм, Суғд ва кадом як қисмати сакоиҳо, яқинан сакоиҳои ҳавмаварга, муяссар гардидааст. Бунёди шаҳри Кирополро ба Куруш нисбат медиҳанд, яъне то Фарғона расидани ҳудуди Давлати Ҳахоманиширо тасдиқ мекунанд.[12]

Дар соли 539 пеш аз милод Куруш Бобулро сарнагун карда ба қасди истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна ӯро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд.

Куруш ва Томирис

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Малика Томирис

Аз қавли Ҳеродот чунин ба назар мерасад, ки массагетҳо дар сарзаминҳои байни баҳрҳои Каспий ва Арал ва дар атрофи он зиндагӣ мекарданд. Пеш аз омадани Куруш онҳо ба қаламрави империяи ӯ, ба минтақаҳои муқиминишини Порт, Гиркания ва ноҳияҳои ҳамҷавор ҳуҷум карда, шаҳру деҳаҳои онро талаву тороҷ намуданд. Эҳтимол, ба ҳамин сабаб Куруш маҷбур шуд ба ин минтақа лашкар кашад. Массагетҳо аз ин бохабар шуда, қафо нишастанд ва ба даштҳои паҳновари худ рафтанд. Ин усули дӯстдоштаи ҷангии саҳронишинон буд. Онҳо ба ин восита душманро дар саҳроҳои беоб сарсону саргардон ва хаста намуда, ногаҳон ба ҳуҷум мегузаштанд. Вақте ки Куруш ба сарҳади сарзамини массагетҳо расид, байни намояндагони тарафайн музокира баргузор шуд. Ба қавли Ҳеродот, маликаи массагетҳо зане буд Томирис ном, ки баъди марги шавҳараш ба ҷойи ӯ сарварӣ мекард. Томирис ба Куруш мегӯяд, ки ба кишвари мо тамаъ накун ва ба ватани худат баргашта рав. Вақте ки Куруш ба назди малика хостгоронро мефиристад, Томирис ӯро айбдор мекунад, ки ӯ бо ин роҳ мехоҳад соҳиби мамлакати массагетҳо шавад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки эҳтимол Куруш аз массагетҳо талаб кард, ки пурра ба ӯ тобеъ шаванд, аммо ҷавоби рад гирифт. Тавре ки мебинем, Куруш ҳамеша пеш аз сар кардани ҷанг кӯшиш мекард бо воситаҳои дипломатӣ, яъне музокира муноқишаро бартараф созад. Баъди натиҷаи дилхоҳ надодани гуфтушунид Куруш бо дарбориёнаш машварат ороста, ба қароре меоянд, ки ба сарзамини массагетҳо дохил шуда, бо онҳо задухӯрд намоянд. Куруш бо фавҷи сарбозони сершумор ҷониби рӯди Аракс омада, бар зидди массагетҳо ҷанги ошкороро сар мекунад; барои убур намудани сарбозон ӯ аз болои дарё кӯпрукҳо месозад, дар рӯйи киштиҳо барои убур намудани ҷанговарон бурҷ мегузорад. Вақте ки Куруш машғули ин корҳо буд, Томирис сӯяш қосиде фиристод бо пайғоми зерин: «Даст бикаш, шоҳи Мидиҳо. аз коре ки ба он саргардонӣ; охир ту намедонӣ, ки кори пешгирифтаат бо некӣ анҷом хоҳад ёфт ё на. Боз ист ва дар сари умматони хеш подшоҳӣ бикун, ба подшоҳии мо низ халал марасон, то машғули кори хеш бошем». Вале Куруш суханони Томирисро гӯш накард ва бо лашкараш аз дарёи Аракс (Амударё) гузашта, массагетҳоро дунболгирӣ кард. Дар муҳорибаи якум бо дастаҳои пешгарди массагетҳо форсҳо ғалаба карданд. Дар ин задухӯрд писари маликаи массагетҳо ҳалок гардид. Томирис ҳамаи неруҳои ҷангиашро гирд оварда, ба Куруш ҳамла намуд. Ба ман чунин менамояд, ки ин муҳориба аз тамоми ҷангҳое, ки барбариҳо (массагетҳо) то ин дам ба сар бурда буданд, шадидтаринаш будааст. Аз рӯйи шунидам, ҷанг ин тариқа рух додааст: аввал ҳар ду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир андохтаанд, сипас, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта, найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз бо ҳам муқобил истода, ҳеч яке аз тарафҳо рӯ ба гурез наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни Форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст. Ӯ бисту ҳашт сол подшоҳӣ карда буд. Томирис машкеро пур аз хуни одамӣ кард ва амр дод, ки аз байни мақтулон ҷасади Курушро пайдо намоянд. Баъди ёфтан ӯ сари Курушро ба машки пурхуне ғӯтонида, бо таҳқир гуфт: «Ҳарчанд мебинам, ки дар муҳориба бар ту ғолиб омадам, вале ту бар дӯшам бори гарони андуҳро гузоштӣ, бо макр писарамро аз ман рабудӣ ва акнун туро аз хун сер хоҳам кард, чуноне ки бароят таҳдид намуда будам».[13] Ин ривоят то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик аст, маълум нест.

Ҳукмрони сакоиҳо (масагетҳо — юнонӣ) Томирис бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид, навиштааст муаррих Юстин. Томирис Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеч гоҳ аз он сер намешудӣ». Ин муҳорибаи таърихӣ ва бохти Куруш соли 530 пеш аз милод рӯй додааст. (Юстин, I, 8, 1-13).[14]

Албатта, Куруши Кабир аз забткомону ҷаҳонкушоёну қудратталабоне мисли Чингиз, Темур ва ҳатто Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашони араб тафовути куллӣ ва ҷиддӣ дошт. Ӯ ҳеч гоҳ ба қатли ом роҳ намедод, дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро аз ҷумлаи аслҳои давлатдорӣ медонист. Эъломияи ӯ аз дурандешӣ ва хирадмандиаш гувоҳӣ медиҳад. Ӯ бунёдгузори давлати нахустини муназзам ва мутамаддини инсонӣ буд. Ба ҳар ҳол, аз сабақи мусбате, ки Куруш дошт, бояд ибрат гирифт, Ӯ ориёие буд, ки озодиро беҳтар аз ҳама чиз медонист ва душманони асиргирифтаашро ба ғулом табдил намедод. Муаррихони юнонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷасади Курушро баъди як соли маргаш писараш Камбуҷия бо баҳои гароне харида, дар вилояти Форс, дар шаҳри Посоргод (пойтахти нахустини империяи Ҳахоманишиҳо) дафн мекунад. Мақбараи Куруши Кабир то кунун чун нишонае аз он рӯзҳои куҳан пурра ва беосеб маҳфуз мондааст. Искандари Мақдунӣ ба сари қабри Куруш дар Посоргод ду маротиба рафта буд ва ин ҳодиса дар сарчашмаҳо зикр гардидааст. Ҳамин тавр, ҷанги Куруш бо массагетҳо ба таври фоҷиавӣ ба анҷом расид. Дар бораи ҳодисаҳои баъди ин муҳориба рухдода ягон хел маълумот нест. Мо намедонем, ки массагетҳо аз ин ғалабаи худ чӣ манфиат ба даст оварданд. Камбуҷия, ки баъди марги падараш ба тахти шоҳаншоҳӣ нишаст, дар ин минтақа ягон хел амалиёти ҳарбӣ бар зидди массагетҳо нагузарондааст. Эҳтимол баъди ин муҳорибаи хунин, ки дар он массагетҳо низ бояд талафоти калон дода бошанд, байни тарафҳо сулҳ ва аҳдномаи ба якдигар ҳуҷум накардан баста шуд.[15]

Дар бораи ҷанги Куруш бо массагетҳо ҳанӯз дар давраи қадим ривоятҳои зиёд ва гуногун пайдо шуда буданд. Имрӯз ҳам дар тамоми мақола ва рисолаҳои ба таърихи давлати Ҳахоманишӣ бахшидашуда ин ҷанг батафсил таҳлил шудааст. Бояд дар назар дошт, ки сабаби шуҳрати ин ҷанг танҳо дар марги фоҷиавии Куруш буд. Подшоҳи ҷаҳонгир, ки то ин муҳориба чандин кишварҳои зӯру тавоноро тасхир карда, ҳеч шикасте надида буд, дар муҳориба бо як қабилаи саҳронишин ба ҳалокат расид. Ин гуна фарҷомро ҳеч кас мунтазир набуд. Аммо аз лиҳози сиёсӣ-ҳарбӣ ин ҷанг барои давлати пурзӯри Ҳахоманишӣ ягон оқибати фоҷиавӣ ва ҳатто ҷиддӣ надошт. Баъди ин муҳориба массагетҳо ягон бор ҳам ба қаламрави Ҳахоманишиён ҳуҷум накарданд. Манзур аз ин суханон он аст, ки мо набояд ба ин ҷанг аз будаш зиёд баҳо диҳем. Дар мавриди шахсияти Куруш бояд ёдовар шавем, ки ҳамзамонони ӯ ба фаъолияти сиёсию ҳарбиаш баҳои баланд додаанд. Беҳуда нест, ки рӯҳониёни Бобул ӯро фиристодаи худованд Мардук, яҳудиён фиристодаи худованд Яҳво ва юнониён сиёсатмадори бузург номидаанд. Олимони муосир дар бораи ӯ ҷилд-ҷилд асарҳо офаридаанд. Албатта, мо набояд хидмати шахсиятҳои таърихиро аз будаш зиёд карда, ба иғроқ роҳ диҳем. Аммо Куруш, бе муболиға, ба ҳама гуна бузургдошт сазовор аст. Барои тасдиқи ин фикр мо аз фаъолияти ӯ метавонем мисолҳои зиёд орем, аммо бо чанд мисол иктифо меварзем. Баъзе муаррихон сабаби ба осонӣ шикаст ёфтани Бобулро аз сиёсати яктарафаи шоҳи Бобул Набонид, афзудани ихтилофоти дохилӣ ва норозигии рӯҳониёни кишвар медонанд. Шоҳони Бобулу Ошур ба намояндагони миллатҳои зердаст зулму ҷафои беадад намуда, эътиқоди динӣ ва ибодатхонаҳояшонро поймолу ғорат менамуданд. Барои мисол намунаеро аз катибаи шоҳи Ошур Насирбол меорем, то сиёсати бебақои ин давлати абарқудрат ва иллатҳои зуд шикаст хӯрдани он аён гардад: «Ба фармудаи Ошур ва Иштор, худоёни бузург, ки ҳомиёни ман ҳастанд, бо лашкариён ва аробаҳои ҷангии худ ба шаҳри Гиною ҳамла бурдам ва онро ба як зарби шадид тасарруф кардам. Шашсад ҳазор нафар аз ҷангиёни душманро бедиранг сар буридам. Се ҳазор асирро зинда туъмаи оташ сохтам ва ҳатто якеро боқӣ нагузоштам, то ба гаравгонӣ равад. Ҳокими шаҳрро ба дасти худам зинда пӯст кандам ва пӯсташро ба девори шаҳр овехтам ва аз он ҷо ба сӯйи шаҳри Тилло равон шудам. Мардуми ин шаҳр аз дари аҷзу илтиҷо дарнаёмаданд ва таслими ман нашуданд. Лоҷарам ба шаҳрашон юриш будам ва онро гушуда ва 30 ҳазор нафарро аз дами тег гузарондам. Бисёр нафаронро дар оташ кабоб кардам ва асирони бешуморро дасту ангушту бинӣ буридам ва ҳазорон чашм аз коса ва ҳазорон забон аз даҳон берун кашидам. Аз ҷасади куштагон пуштаҳо сохтам ва сарҳои бурида ба тоқҳои шаҳр овехтам».[16]

Сиёсат ва давлатдории Куруш

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақбараи шоҳ Куруши Кабир дар шаҳри қадимаи Посаргод
Мақбараи шоҳ Куруши Кабир дар шаҳри қадимаи Посаргод

Аммо Куруши Кабир сиёсати оқилонаи давлатдориро пеш гирифта, эътиқоду ақоид ва дини миллатҳои ғайрро эҳтиром мегузошт. Ӯ ба ҳар кишваре, ки мерафт, худоёни мазҳабҳои мухталифро ба расмият мешинохт, худро ҷонишини қонунии подшоҳони бумӣ эълон медошт ва аз рӯйи расму русуми онҳо подшоҳиро мепазируфт. Беҳуда нест, ки рӯҳониёни Бобул ӯро ҳамчун писари худои олитабори бобулиён Мардук муаррифӣ намуда, ба тахти шоҳӣ нишастанашро бо хушнудии тамом истиқбол намуда буданд. Ба ибораи имрӯз, сиёсати давлатдории Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос ёфта буд. Шояд яке аз сабабҳои шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтану империяи абарқудрати замони худ шудани давлати Форс дар пеш бурдани ҳамин сиёсати давлатдории дунявӣ нуҳуфта бошад. Дар айни ҳол бояд зикр намуд, ки Куруши Кабир зимни сиёсати давлатдорӣ ва тарзи дунявии тафаккур ҳадафҳои кишваркушоӣ ва густариш додани иқтидори рӯзафзуни империяи Форсро пеш мебурд. Ба қавли муаррихони аҳди қадиму ҷадид, Куруши Кабир қабл аз ҳуҷум ба Бобул дар симои савдогарону тоҷирон, рӯҳониёни мазҳабҳои гуногун ва дастаи ҷосусони давлатӣ тарғиботчиёни сиёсати худро ба он ҷо интиқол дода, намояндагони миллату мазҳабҳои азияткашидаро қаблан ба империяи Ҳахоманишиён дилгарм месохт. Куруши Кабир алалхусус нисбат ба миллати банӣ Исроил, ки аз замони Бухтуннаср дар асорати давлати Бобул буд, меҳрубонӣ ва инояти зиёде кардааст. Ӯ ашёҳои гаронбаҳо ва зарфиёти тилоиву нуқрагинро, ки ҳангоми хароб намудани маъбади яҳудиён дар Байтулмуқаддас ғорат шуда буд, ба ибодатхонаи яҳудиён бозгардонд. Гузашта аз ин, бо иҷозаи Куруш беш аз 42 ҳазор нафар яҳудӣ, аз ҷумла, 7 ҳазор ғуломону каниз барои таъмиру таҷдиди маъбадҳои Байтулмуқаддас раҳсипор шуданд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми паямбарони банӣ-Исроил ба Куруш хеле зиёд буда, номи ӯ дар китоби муқаддаси онҳо зикр шудааст. Куруши Кабир дар айни ҳол маъбадҳои Бобулистон, Ошур ва Эламро таъмир намуда, ба онҳо назру ниёз ва қурбониҳои зиёде нисор месохт, халқиятҳои мухталифро барои баргаштан ба ватани аслиашон рухсат медод. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҷавҳари зӯроваронаи империяи Ҳахоманишиён ва сиёсати бузургдавлатии онҳо боқӣ мемонд. Вақте ки Куруши Кабир соли 539-и то мелод шаҳри Бобул — пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон, ки маъмулан ба куштору ғорат мепардохтанд, эъломияе интишор сохт, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.



  1. 1.0 1.1 выгрузка данных FreebaseGoogle.
  2. https://kaffeketab.ir/%D9%83%D9%88%D8%B1%D9%88%D8%B4%E2%80%8C%D9%86%D8%A7%D9%85%D9%87-%DA%AF%D8%B2%D9%86%D9%81%D9%88%D9%86/
  3. Геродот. История. Кн.1. — М., 1972. — С.69-71.
  4. Геродот. История. Кн.1. — М., 1972.- С.71-153
  5. Геродот. История. Кн.1. — М., 1972.- С. 153
  6. Гафуров Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. — М., 1972. — С.73. Ин амали Куруши Кабир аз ҷониби подшоҳони Миср, Бобул, Ошур ва Юнон чун силсилаи навбатии ба тахт нишастани яке аз намояндагони силсилаи подшоҳони Мод пазируфта мешавад. Чуноне ки аз навиштаҷоти «Солномаи Набонид — Куруш» бармеояд, сипас ӯ хазинаи пурсарвати подшоҳони Модро аз пойтахти он Экбатан (Ҳамадон) ба вилояти Форс интиқол дода, ҳокимони миёнаҳоли кишварҳои хурди Парсумашу Аншанро аз фаромӯшхонаи рӯзгор ба арсаи таърихи башарият ҳидоят месозад.
  7. Геродот. История. Кн.1. — М., 1972. — С. 177—178.
  8. Дар ин бора ба таври муфассал дар асарҳои зерин сухан рафтааст: Дандамаев М. И. Иран при первых Ахменидах. — М.. 1963. — С.102-110; Дьяконов И. М. История Мидии. — М.-Л., 1956. — С.18-19.
  9. Дар ин бора ба таври муфассал дар асарҳои зерин сухан рафтааст: Дандамаев М. И. Иран при первых Ахменидах. — М., 1963. — С.102-110; Дьяконов И. М. История Мидии. — М.-Л., 1956. — С.18- 19.
  10. 10.0 10.1 Маспоро. Древняя история народов Востока. — М., 1911. — С.681.
  11. Ниг. Геродот. История. Кн. I. — С.178-201; Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — М., 1985. — С. 32-52.
  12. Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008, — с. 74
  13. Геродот. История. Кн. I. — С. 205—206
  14. Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008, — с. 76
  15. Хрестоматия по истории древнего Востока. — М., 1963. — С. 353—354.
  16. Ҷаҳониён Ардашер. Дини Ҳахоманишиён. — Теҳрон, озари 1349, саҳафоти мухталиф.
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: