Кӯҳистон (номгузории таърихӣ-ҷуғрофӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кӯҳистон - ё мулкҳои болооби Зарафшон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Могиён, ки дар нимаи дуюми асри XIX мулкҳои ниммустақил (аз аморати Бухоро) буданд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳукумати подшоҳии Русия барои забт намудани мулкҳои Зарафшонии аморати Бухоро дастаи ҳарбии "Эъзомияи Искандаркӯл" ро соли 1870 ташкил намудааст. Мардуми он мулкҳо, - навиштааст муаррих Намоз Ҳотамов, - агарчанде ҳама тоҷиканд, вале ҳокимони онҳо байни худ доимо меҷангиданд ва қувваи мудофиавии Кӯҳистонро хеле заиф гардонидаанд. Бинобар ин,дастаи ҳарбии "Эъзомияи Искандаркӯл" бо сарвари генерал А.К. Абрамов мулкҳои болооби Зарафшон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Могиёнро забт намуда дар инҷо музофоти Зарафшонро бунёд намудааст.[1]

Мавқеи ҷуғрофӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯҳистон {вожаи ҷуғрофӣ} - Тоҷикистони Марказӣ, ноҳияи кӯҳиест дар қисми марказии, қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин (шохаи Ҳисор), инчунин хамиҳои байни онҳоро дарбар мегирад. Аз ҷиҳати маъмурӣ қисми зиёди Кӯҳистон ба ҳудуди ноҳияи Панҷакенту Айнӣ ва Мастчоҳ дохил мешавад. [2]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Н.Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик ( аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924). - Душанбе, 2007, с.23
  2. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 309

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эъзомияи Искандаркӯл